Салом “Оила”-и дардошно. Мухлиси ҳамешагии шумо ҳастам. Исмам Адолат, зодаи н. Шаҳритуз ҳастам. Ҳафтаи гузашта номаи занеро хондам, ки аз бадбахтияш дар хонаи шавҳари сарватманд гила мекард.
Дилам аз хондани сарнавишти талхаш хун шуд, аз ин рӯ, қаламу коғаз ба даст гирифтам.
Хоҳари азиз, Садбарг! Дар номаат гуфтаӣ, ки шавҳари сарватмандам қариб, ки ба хона намеояд. Кораш арӯсбозиву шабгардӣ аст. Албатта, ту ӯро тағйир дода наметавонӣ, чунки аз пулдорияш катагӣ мекунад. Бояд дар вақташ бо ҷавони арзандае хонадор мешудӣ, имрӯз гила аз шавҳари худхоҳ намекардӣ. Хушбахтии ҳар инсон дар дасти худаш аст. Беҳуда калонсолон намегӯянд, ки “агар духтар босабру ботамкин бошад, новобаста аз он ки дар чӣ хел оила келин шудааст, хушбахт мешавад”. Пулу мол имрӯз ҳаст, фардо нест.
Падару модарони азиз! Пеш аз ҳама домодҳои ояндаи хешро омӯзед, фаҳмед, ки ҷавон чӣ гуна инсон аст. Аз одаму одамгарӣ хабар дорад ё не? Ба қадри оилаю зан мерасад? Ақлу фаросати ҷавонро дида, духтар додан лозим, то фардо домод аробаи зиндагиашро худаш кашида тавонад ва барои фарзанди шумо шавҳари вафодору ёри якумра шавад. Аз ҳама беҳтараш ба духтар касбу ҳунар омӯзед, он гоҳ вай на ба шавҳари бадавлат муҳтоҷ мешавад, на ба камбағал! Зан босавод бошад, намегузорад, ки шавҳараш ӯро зери по кунад, он гоҳ мард хоҳ пулдор бошад, хоҳ бе пул маҷбур мешавад, ки эҳтироми ҳамсарашро ба ҷо биёрад ва қадамашро дониста гузорад.
Адолат, зодаи н. Шаҳритуз