Салом хонандагони азизи «Оила». Нахуст аз шумо узр мепурсам, ки ному насабамро ошкоро гуфта наметавонам. Оилаи моро дар маҳалла ҳама хуб мешиносанд, аз ҳамин хотир, маҷбурам, ки аз паси ниқоб саргузаштамро ба шумо нақл кунам.
Худо накарда, падару модарам фаҳманд, ки ман чунин номаъқулиҳо кардаам, маро аз мерос маҳрум менамоянд.
Ман дар як оилаи серу пур ба дунё омадаам. Падарам марди номдор, бою бадавлат ва бисёр саховатманду дасткушод аст, модарам низ зани дастурхондор ва ба тамоми занҳои деҳа маслиҳатгару пешкор аст. Тамоми хешу табор пеш аз тӯю маъракаҳояшон ба хонаи мо омада, аз падару модарам маслиҳат мепурсанд ва бо дуои онҳо кор мекунанд. Писари ягонаи оила ҳастам ва ҳафт апа дорам. Волидонам писари ягона гуфта, аз кӯдакӣ маро бисёр эрка мекарданд. Гули чизро хӯрда, гули чизро мепӯшидам, ҳанӯз замони дар мактаби миёна хондан мошин доштам. Хуллас, мисли дигар бойбачаҳо пулмаст ва эркатулфор будам...
Солҳо турнасон гузаштанду мо мактабро хатм намудем. Ҷӯраҳоям баҳри ба мактабҳои олӣ дохил шудан талош доштанд, вале дар дили ман шавқу ҳаваси донишҷӯ шудан набуд. Падарам чанд бор сари мавзӯи идомаи таҳсил бо ман суҳбат кард, вале ошкоро гуфтам, ки намехоҳам панҷ соли умрамро беҳуда гузаронам. “Беҳтараш бо бизнес машғул шуда, соҳиби ному нон мешавам” бо дили пур мегуфтам ба падарам.
Волидонам чун диданд, ки майли олим шудан надорам, дигар дар бораи дохил шудан ба донишгоҳ даҳон накушоданд. Падарам барои оғоз намудани тиҷорат ба ман пули калон дода, таъкид намуд, ки минбаъд бояд роҳи худро дар зиндагӣ мустақилона ёбам.
Азбаски аз хурдӣ ба кору бори падарам ёрӣ дода, забони тиҷоратро омӯхта будам, корамро ба зудӣ ривоҷ дода, қоматамро рост кардам. Тез-тез ба Туркия, Эрон ва Дубай сафар карда, бор меовардам ва аз ин ҳисоб даромади нағз мегирифтам, аммо...
Тиҷорат ва муҳаббат
Азбаски бачаи зебо ва пулёб будам, хешу табор ва ёру ошноҳои падарам ба ман бо чашми ҳавас менигаристанд. Бисёриҳо мехостанд духтар, хоҳар ё ҷиянашонро ба ман ба занӣ дода, муносибати худро бо оилаи мо наздиктар созанд, вале маро парвои ягон зебосанам набуд, то вақте ки бо Нигина шинос нашудам. Ин духтари барф барин сафед ва бодомчашми хушпайкар на танҳо дил, балки ақлу ҳушамро низ рабуд. Падари Нигина ҳамсоли падари ман одами сарватманд ва бо обрӯ буда, чандин мағозаҳои калон дошт. Азбаски дар оилаи онҳо писар набуд, падараш Нигинаро ҷойнишини худ таъин карда, нозукиҳои тиҷоратро ба ӯ меомӯхт. Ман ҳангоми тақсим кардани борҳоям тасодуфан бо Нигина вохӯрда, бо як нигоҳ ошиқи зораш гаштам. Аввалҳо ин бойдухтари мағрур маро писанд намекард, вале ман аз тоифаи он ҷавононе набудам, ки ба осонӣ сайдашонро раҳо мекунанд.
Хулласи калон, тамоми маҳоратамро ба кор бурда, бо забони ширин ва туҳфаҳои қиматбаҳо дили ин фариштаро ёфтам ва ӯро ба худ моил кунондам. Акнун ману Нигина мисли Лайлию Маҷнун лаҳзае ҳам аз ҳамдигар ҷудоӣ надоштем, вале ӯ ҳадди худро медонист ва ҳеҷ гоҳ иҷозат намедод, ки аз боғи васлаш гул бичинам...
Мехостам то лаҳзаи охирини умрам бо Нигина бошам ва дар канори ин зебосанам бимирам, вале падару модарам ба издивоҷи мо розигӣ надоданд. Модарам ошкоро гуфт, ки осмон омада ба замин часпад ҳам, вай духтари хоҳарашро келин мекунад, чунки намехоҳад баъди сари ӯ ҳама давлату сарват ва хонаи боҳашамат ба як бегона монад. Ҳарчанд фаҳмондам, ки волидони арӯси таги чашм кардаи ман ҳатто аз мо ҳам бадавлаттар ҳастанд ва ниёз ба боигарии мо надоранд, волидонам ба гапам гӯш накарданд. Модарам бо ситеза ба ман нигариста гуфт:
-Ман девона нашудаам, ки як духтари мӯйбуридаву шимпӯш ва эркаю мошинсавори шаҳриро келин карда, худро ангуштнамои дӯсту душман созам. Келине мекунам, ки аз дарвозаи хонаам пояшро ба берун намонад ва танҳо дар хизмати ман бошад...
Хостгорӣ ва никоҳи пинҳонӣ
Ҳамин тавр, волидонам бе розигии ман ба хонаи холаам хостгорӣ рафта, маро бо духтари холаам фотеҳа карданд, вале...
Аз қаҳру ғазаб роҳи хориҷаро пеш гирифтам. Қабл аз сафар бо падари Нигина вохӯрда, маслиҳат кардам, ки Нигинаро ҳамроҳи ман барои овардани бор фиристад. Падари Нигина аввал розӣ нашуд, вале ман қасам болои қасам хӯрда, ӯро бовар кунонидам, ки духтарашро сиҳату саломат бармегардонам.
Ҳамин тавр, бо як азоб падарашро розӣ карда, Нигинаро ҳамроҳи худ ба хориҷа бурдам ва дур аз ёру диёр, дар меҳмонхонаи як кишвари дур ба ӯ фаҳмондам, ки волидонам барои ман арӯс ёфтаанд ва агар ману ӯ як ҷону як тан нашавем, дигар ба ягон роҳ ба висоли ҳамдигар расида наметавонем. Нигина рӯзҳои аввал пешниҳоди маро рад карда бошад ҳам, баъд розӣ шуд, зеро ҷудоӣ барояш баробари марг буд...
Хуллас, бе розигии падару модарамон ва бе тӯю тамошо дур аз Ватан ва пайвандонамон ба як мулло пул дода, мо никоҳи пинҳонӣ кардем. Ростӣ, ман мехостам баробари ба Ватан баргаштан ҳамаро огоҳ созам, ки мо аллакай дар назди Худо зану шавҳар шудаем ва онҳо ҳақ надоранд, ки моро аз ҳамдигар ҷудо кунанд, вале Нигина зорию тавалло карда гуфт:
-Ҳаргиз ин корро накун, агар падарам фаҳмад, ки бе розигӣ ва дуои сафеди ӯ ман бо ту никоҳ кардам, маро оқ мекунад!
Вақте ки ба хона баргаштам, волидонам аллакай дар тараддуди тӯй буданд. Модарам аллакай тамоми ҷиҳози арӯсиро ба хонаи хоҳараш бурдаю кӯрпаю болин ва куртаҳои арӯсро дӯхта буданд. Волидонам барои ману арӯсам рахти хоби шоҳона харида, хонаро чунон ороста буданд, ки гумон мекардӣ ба ин ҷо келин не, ягон шоҳбону меояд. Модарам чунон хурсанд буд, ки аз шодӣ дар куртааш намеғунҷид. Шармидаю кебида гуфтам:
-Оча, рафта фотиҳаро гардонед, чунки аздусар ман бо духтари хоҳари шумо зиндагӣ намекунам! Мефаҳмед, ба шумо гуфта будам, ки дӯстдошта дорам ва ӯро партофтанӣ нестам, чунки ману вай аллакай зану шавҳар ҳисоб мешавем...
Давом дорад