Arzon march 2024
ДОМОДИ БЕАҚЛ (ҚИСМИ 7)
3345

(идомааш...)
-Беҳтараш номи маро фаромӯш кунад,-Бо нафрат ба Алишер нигариста, таъкид намуд Насиба.

-Шуд, шуд! Ман ин ҷо барои панд шунидан наомадаам! Девонаатонро гиред, ман ба хонаам меравам,- бонг зад Алишери авбош.

Бо ишорати Фотимахола боғбон ва боз як ҷавони дигар Тоҳирро бардошта ба ошёнаи дуюм бароварданд.

-Ҳоло ист, як рӯз не, як рӯз ба чангам меафтӣ, он вақт мебинам, ки булбулакат чӣ хел мехонад,- ба Насиба нигариста, таҳдид намуд Алишер ва бо ғазаб дари мошинашро пӯшида, саманди оҳанинашро чунон тез ба ҳаракат даровард, ки қариб чанд кӯдаки ҳамсоя зери чархи мошин монда мемурданд.

Ман масту ту девона...

Тоҳирро кашолакунон базӯр то хонаи хобаш расонданд. Фотимахола дар болои сари писари беҳушу бе ёдаш нишаста, мисли абри навбаҳор зор-зор мегиристу Алишери авбошро дуоҳои бад мекард. Насиба ҳам аз болои сари шавҳараш ягон лаҳза дур нашуда, тез-тез набз ва фишори хуни Тоҳирро месанҷид. Набзи Тоҳир базӯр метапид, маълум буд, ки Алишери шӯрапушт ба ӯ заҳр, банг ё боз ягон чизи дигари зараровари сахттаъсир додааст. Домоди беақл то нисфи шаб аз хоб бедор нашуду Фотима-хола бо келинаш хеле дарди дил намуданд.

-Духтарам Насибаҷон, минбаъд аз ин Алишери авбош эҳтиёт шав, чунки ин падарлаънат бисёр бачаи бад аст. Ман боварӣ дорам, ки вай ҳамту ба осонӣ аз ту дил намеканад. Албатта кӯшиш мекунад, ки зарарашро ба ту расонад ё дар ҳақат туҳмате бофта туро дар назди мардум бадном кунад.

Ба фикрам беҳтар мешавад, агар ту чанд муддат, то паст шудани оташи шавқу ҳаваси ин худозада аз ин ҷо дуртар бошӣ. Метавонӣ ба хонаи падарат рафта, як муддат онҷо монӣ. Алишери гӯрсӯхта арӯсашро фароварда аз паси зиндагии худаш шавад, баъд ман рафта туро мебиёрам,-маслиҳат дод хушдоман.

Насиба бо аломати ризо сар ҷунбонда гуфт:

-Майлаш холаҷон, пагоҳ ман ба хонаамон меравам, лекин то омадани ман писаратонро эҳтиёт кунед. Дилам ба Тоҳир месӯзад, охир вай рӯзи дароз мисли кӯдак дум-думи ман мегардад.

-Ташвиш накаш, ягон бало мекунем. Ин мори кобра зан гирад, худо хоҳад, ҳамааш хуб мешавад. Гап-гап аст, ки падараш Алишери шӯрапуштро аз кадом хонаводаи бадавлат зан доданист,-келинашро таскин дод Фотимахола.

-Ин тавр бошад, пагоҳ шумо маро ба хонаамон баред. Худам танҳо равам, ҳамсояҳо гумон мекунанд, ки қаҳр карда омадаам,-хоҳиш кард Насиба аз хушдоманаш.

-Албатта, албатта! Субҳи солеҳон ба хонаатон раҳсипор мешавем. Тавре меравем, ки на Тоҳир моро бинаду на Алишери гӯрсӯхта.

Дар хонаи падар

Субҳ Насиба либосҳои даркориашро гирифта ҳамроҳи хушдоманаш ба хонаи падараш меҳмонӣ омад. Модараш дар бистари беморӣ хоб будааст, падараш онҳоро пешвоз гирифта, аз Фотимахола хоҳиш намуд, ки Насибаро чанд рӯзак иҷозати дар хонаи онҳо мондан диҳад, то модари беморашро парасторӣ намояд.

Ин хоҳиши қудо табъи дили Фотимахола буд, вале чунин вонамуд кард, ки танҳо ба хотири касалии модараш келинашро дар хонаи падараш монда меравад. Хушдоманаш баъди як пиёла чой нӯшидан рафту Насиба бо падару модараш танҳо монд. Падараш рози дил карда гуфт, ки чандин сол боз ҳамчун мард бистари гармро надидаасту азоб дорад.

Насиба ба маънии ин суханони падараш хуб сарфаҳм мерафт, модараш чанд сол боз касалии занона дошт ва онҳо танҳо ҳамчун ду дӯст дар як хона мезистанду халос. “Худо накарда, модарам аз олам гузарад, падарам ҳатто як сол тоқат накарда, дарҳол зан мегирад. Илоҳо зиндагиам вайрон нашавад, вагарна ман бо моиндар чӣ хел тоқат мекунам?!”- аз дил гузаронд арӯсак ва аз ин андеша дар чашмонаш ашк ҳалқа зад. Сараш аз фикру хаёли зиёд ба дард даромада, пеши чашмонаш сиёҳӣ заданду Насиба оҳи сард кашида ба хонаи дигар гузашт ва худро рӯйи кати хоб партофт.

Бемории аҷиб

Ҳарчанд аз субҳ чизе ба даҳон набурда бошад ҳам, дили Насиба худ аз худ ким чӣ хел беҳузур ва такорӯ мешуд. Аз падараш пурсид, ки дар хона ягон ҳабби оромкунанда доранд ё не. Ранги паридаи ӯро дида падараш ба ташвиш афтид ва даст ба пешониаш бурда гуфт:

-Духтарам, мабодо таб накарда бошӣ?

-Не, таб надорам, вале авзоям ким-чихел беҷо шуда монд,-Насиба инро гуфта ба ҳавлӣ баромад, то каме аз ҳавои тоза нафас бигирад. Аҳволаш дар берун каме беҳтар шуд. Ба ошхона даромада барои худаш чойи талхи сиёҳ тайёр кард ва як қошуқча асал андохта нӯшид. Дилаш якбора беҳузур шуда тозон ба берун баромад. Тамоми чойи нӯшидашро қай кард.

Хушхабари ғамангез

Ҳолати ногувор Насибаро чанд рӯз азоб доду арӯсак ноилоҷ роҳи беморхонаро пеш гирифт. Баъди ташхиси тиббӣ табиб ӯро ба назди худ ҷеғ зада бо лаҳни ширин гуфт:

-Муборак шавад, духтарам!

-Чӣ муборак шавад?-Мақсади духтурзанро нафаҳмид Насиба.

-Насиба, ту модар мешавӣ!

-Модар мешавам?! –Арӯсак гӯё ба гӯшҳои худаш бовар намекард.

-Магар ҳомиладориатро фаҳмида хурсанд нашудӣ?-пурсид табиб бо ҳайрат.

-Духтурҷон, ман ба шумо як сирри диламро мекушоям, вале илтимос ба ҳурмати мӯйи сафедатон ин гапро ба касе нагӯед. Шумо ҳам зан ҳастед, бояд маро дуруст фаҳмеду дастгирӣ намоед.

-Гӯш мекунам духтарам, ҳар чӣ дар дилат бошад, бе малол гуфтан гир! Ин сир байни ману ту махфӣ мемонад.

-Шавҳари ман модарзод девона аст. Ман худам, аниқтараш бо хоҳиши хушдоманам ӯро базӯр ба бистар кашидам. Аслан вай намедонад, ки зан чисту ишқу муҳаббат чист. Ба хотири соҳиби фарзанд шуд ин қурбонии ман, вале ҳоло, ки бо хости худованд дар қадам кӯдак шудааст, сахт метарсам. Метарсам, ки кӯдакам мисли падараш беақл таваллуд нашавад....

(Давомашро фардо соати 21 интизор бошед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД