Албатта ҳар як модар хушбахтии фарзандонашро мехоҳад. Ман ҳам хотири бахти духтарам маҷбур шудам, ки дар дами пирӣ дарди дил карда, маслиҳат бипурсам.
Духтарам келини як оилаи сарватманд аст. Шавҳараш хонаи сеошёна, мошини гаронбаҳои хориҷӣ ва корхонаи шахсӣ дорад. Аз ягон чиз танқисӣ намекашанд. Фарзандонаш дар беҳтарин литсейҳои шаҳр таҳсил мекунанд, вале бо ин ҳама боигарӣ духтарам худашро бадбахттарин зани дунё ҳис карда, мудом гиря мекунад.
Сабаби бадбахтии духтарам дар зани дуюм гирифтани шавҳараш мебошад. Пештар ҳам домодам духтарбозӣ мекард, вале аз бозе, ки дар болои занаш зани дуюм гирифт, рӯзи духтарам тамоман сиёҳ шуд. Ранги рӯяш заъфарон барин зард шудааст, метарсам, ки аз рашки сӯзон ва ғаму алам ба саратон ё ягон касалии дигар гирифтор нашавад. Ҳарчанд ӯро насиҳат карда мегӯям, ки духтарҷон, тоқат кун, ягон рӯз ақли шавҳарат ба сараш мезанад ва пушаймон шуда, аз ту бахшиш мепурсад, аммо ба ҷойи ором шудан, баръакс як аламаш сад алам шуда, мегӯяд, ки шавҳарам ғуломи зани ҷавонаш гаштааст ва ҳаргиз ӯро намепартояд. Бештар аз он аламаш меояд, ки духтари ман як умр мисли хизматгор хизмати хусуру хушдоман, додаршӯю хоҳаршӯйҳо ва хешу табору ёру ҷӯраҳои шавҳарашро мекунад, вале шӯйи беинсофаш хизматҳои чандинсолаи ӯро ба як пули пучак нагирифта, дар болояш зан гирифту зани дуюмашро ба шаҳрҳои зебои хориҷӣ ба сайру тамошо бурда, аз сараш зару зевар мерезад.
Аз рӯзе, ки шавҳараш дар болояш зан гирифт, муносибати духтару домодам бисёр бад аст. Шавҳараш мудом тарафи зани дуюмашро мегирад ва духтарамро баҳудаю беҳуда зада сиёҳу кабуд мекунад. Ҷони духтарам аз чунни зиндагии пурмоҷаро ба лабаш раисидааст ва мехоҳад аз шавҳараш ҷудо шавад. Ҳарчанд ӯро насиҳат мекунам, ки духтарҷон, ин корро накун, охир ту ба танҳоӣ чӣ хел се фарзандатро мехӯронию мепӯшонӣ, ду пояшро дар як мӯза андохта, мегӯяд, ки аз чунин шавҳардорӣ бева будан беҳтар аст, дигар намебинию намесӯзӣ.
Духтарам дар вақташ донишгоҳро хатм карда буд, маълумоти олӣ дорад ва албатта дар кӯча намемонад, вале намехоҳам набераҳоям бе падар калон шаванд.
Илтимос, маслиҳат диҳед, оилаи духтарамро чӣ хел аз вайроншавӣ наҷот диҳам?
С. У.