Formula novemver 2024
Домодам зани дуюм гирифт, духтарам худкушӣ карданист
19.06.2023
Mirsaid
1915

Гул барин духтарамро ба як бойбача додам. Домод дар вақташ бо сад ваъдаю паймон духтарамро ба занӣ гирифт, вале киссааш, ки ғафсу пулдор шуд, дар болояш зани дуюм гирифт.

Духтарам ин хабари шумро шунида, аз рашк қариб девона шудааст. Кораш шабу рӯз гиряву нола аст, худамро мекушам мегӯяд. Қонун дузанагиро дар Тоҷикистон манъ кардааст, вале гӯё ин қонун ба одамони сарватманд дахл надошта бошад, дилашон чанд зане, ки хоҳад, бе ибо гирифтан мегиранд. Бечора занак лаб кушояд, ҷавоби ин тоифаи мардҳо тайёр аст:

“Гуруснаӣ, ташнаӣ, чӣ камбудӣ дорӣ, ки шикоят мекунӣ? Либоси пеши бозорро мепӯшию гули чизро мехӯрӣ, ба зангирии ман чӣ кор дорӣ? Пулу мол дорам, зӯрам мерасад, чанд зане, ки хоҳам, мегирам!”

Домоди пулмасти худам ҳар рӯз ҳамин гапҳоро тӯтивор такрор карда, як алами духтари бечораамро сад алам мегардонад. Сахт азоби руҳӣ кашида истодааст духтарам. Аз чизе камбудӣ надошта бошад ҳам, алами дузанагии шавҳараш ӯро дарун ба дарун хӯрда тамом кардааст. Ранги рӯяш заъфарон барин зард шудааст, метарсам, ки аз ғаму алам ба саратон ё ягон касалии дигар гирифтор нашавад.

Ҳарчанд мегӯям, ки духтарҷон, тоқат кун, ягон рӯз ақли шавҳарат ба сараш мезанад ва пушаймон шуда аз ту бахшиш мепурсад, дардаш таскин намеёбад. Ҳамсояамон ҳам марди дузана аст, хоҳад ба хонааш меояд, нахоҳад не. Барои оимчааш ҳавлии дакаданг хариданашро шунида занаш қариб ҷиннӣ шуда буд. Бечора Малоҳати наосуда ҳар гоҳ ба хонаамон ояд, оҳи сард кашида мегӯяд, ки шавҳарам зани дуюмашро ба кадом як истироҳатгоҳ дамгирӣ бурдаасту ман дар ин ҷо бо бачаҳоям хуни ҷигар хӯрда бишинам?

Хонандагони азиз, домоди занҷаллобам дили духтарамро аз зиндагӣ хунук кардааст. Мегӯяд, аз чунин шавҳардорӣ бева будан беҳтар аст. Агар ҳозир гӯям, ки рост мегӯӣ, аз ҳамин мардаки дузана ба ту ягон фоида нест, беҳтараш ҷудо шав, парвозкунон ба идораи суд рафта барои бекор кардани ақди никоҳашон ариза менависад, вале хотири набераҳоям ман ӯро аз ин роҳ гардонида истодаам. Намехоҳам фарзандонаш аз падар зиндаҷудо шаванд, вале фикр мекунам, ки аз як ҷиҳат гапи духтарам ҳам ҳақ аст. Умри ҷавонаш бо роҳпоӣ ва гиряву нола гузарад, дар пирӣ аз бозгашти шавҳари занбозаш ба ӯ чӣ суд?! Илтимос, дар ҳалли ин муаммо бо маслиҳатҳои судманди худ ба духтари ман ёрӣ расонед!
Сарварой, ш. Душанбе.

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Шамима 2023-06-21, 15:22
Апаи азиз духтаратон худашро бепарво нишон дода аз паси худ аз паси пешравии зиндагияш шавад хамон шавхараш аз рохаш гашта хушаш дар зани худаш мешавад. У бояд харакат намуда фикри фарзандонашро кунаш шавхарашки пулдор бошад пеш аз хама барои фарзандонаш аз шавхараш хохиш кунад ки хона бихарад барои фарзандонаш ягон магоза ё ягон чизи дигархам кушояд аз гаму гусса ягон фоида нест аз хози ки фикри фарзандонашро накунад пагох бе хонаву дар бе пулу бе шавхар мемонад
Посух
Зухал 2023-06-23, 07:45
Сарварой сода занак буден да шумо. О сар сахат бошад токи бисер ку. Майлащ руи хотири фарзандхо аз чунин шавхар чудо нашавад, вале бо оху фигон проблема хал мешавад ми? Не, албатта. Коре кардан даркор ки на сих сузаду на кабоб. Яьне фарзандхо бе падар намонанду духтаратон аз фикри зиед касал нашавад. Илочи чунин вокеахо аз тачриба чунин аст, духтаратон барояш як таксиист ми, ягон студент ми е ягон муаллими кашшок ро ефта кайф карда давр ронад. Гуфти одамхо богашро об дихад. Чазои чунин мард хамин. Аз тачрибахо малум ки чунин мардхо, ки одатан занхои дуюмашон ракосаву хофизаву фохишахои кучагарданд, лесидани таги дегро дуст медоранд ва зани поку халол дар назарашон наменамояд. Бинед ки чун занхои хаку халолашон низ ошик ефта кайф карда мегарданду дигар парвои шавхар намекунанд, баьд дар назари эшон зебову дилрабо мешаванд. Чудошави дер намешавад, хамин тачрибаро як санчед, нуран ало Нур мешавад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД