Роҷеъ ба духтароне мешунидам, ки ба доми фиреби писарон ғалтидаву худро сарафканда карданд ва боарзиштарин дороии худ, яъне номусашонро ҳам аз даст додаанд. Нафратам меомад, аз иродаи заиф ва аз содагии беандозаашон. Аммо, намедонистам, ки ақл баъзан нотавон мемонад...
Ба думболи орзу
Саводи хуб доштаму мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм намудам. Имтиҳони охиронро супоридему ҳама ҳамсинфон нороҳат будем, ки аз ҳамдигар ҷудо мешавем. Аллакай аксари духтарони ҳамсинфамон фотиҳа шуда буданд ва ба наздикӣ тӯй ҳам доштанд. Дар деҳаи мо духтарон иҷозати ба донишгоҳ рафтан надоштанд, ҳатто волидайне ҳам буданд, ки дар давоми таҳсили мактаби миёна, духтарашонро ба шавҳар медоданд. Аммо ман мехостам идомаи таҳсил кунам ва барои ба даст овардани ризоияти падар бениҳоят кӯшиш кардам. Билохира, муваффақ шудам ва ба шаҳр омадам. Азбаски, донишам хуб буд, ба яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар дохил шуда, сазовори унвони донишҷӯй шудам. Хурсандиям ҳадду канор надошт ва ман дар хобгоҳ мондаму волидайнам ба деҳа баргаштанд. Хобгоҳ хуб буд, вале набояд фаромӯш кард, ки барои духтарон иродаи қавӣ муҳимтар аст, на макони зист.
Ҳаёти мустақилона
Дар хобгоҳ буданамро ҳанӯз як моҳ нашуда буд ва яке аз дугонаҳоям гуфт, ки хонаи иҷора дораду аз танҳо мондан метарсад ва пешниҳод намуд, ҳамроҳ зиндагӣ мекунем. Боз илова намуд, ки ту мустақил ҳастӣ, метавонӣ тасмим гирӣ! Розӣ шудам. Чунки мустақил будам, худро дар ҳақиқат озод ҳис мекардам. Дар иҷорахонаи дугонаам касе ба ягон корам эрод намегирифт, ба қавле “худам шоҳу табъам вазир” буд. То нимаҳои шаб бо бачаҳо ба шабнишиниҳо мерафтам ва аз як дискотека ба дигараш рафта, дилхушӣ мекардам. Ба донишгоҳ танҳо сар мезадаму халос. Дигар хондан бароям дилгиркунанда буд. Ҳамин, ки аз донишгоҳ бароям, ошиқонам саф меоростанд. Ман ҳам хафаашон намекардам. Ошиқонам бароям ҷанг мекарданд ва ман зебоям гуфта, ифтихор мекардам. Кайҳо куртаҳои тоҷикиро намепӯшидам ва мӯйҳои майдабофиамро бурида будам.
Вақте таътили зимистона сар шуд, изтироб доштам, ки чӣ кор кунам. Бо баҳонае, ки имтиҳон дорам, 10 рӯз дер ба деҳа рафтам ва дарсҳоям барвақт сар шуданд гуфта, ба шаҳр омадам. Ошиқонам пайваста занг мезаданду ман беқарор мешудам. Ҳамин тавр, боз ҳаёти мустақилонаам оғоз шуд.
Исқоти ҳамл
Пас аз муддате саломатиам бад шуду бо дугонаам ба ташхис рафтем ва духтур табрик карда, гуфт, ки ҳомила шудаӣ. Сараввал шах шуда мондам, гӯё маро барқ зада бошад, баъдан ба худ омадаму фаҳмидам, ки чӣ иштибоҳи бузурге кардам. Гиристаму зора менамудам, ки чораашро ёбад. Шояд раҳми духтур омад, ки ба исқоти ҳамл розӣ шуд. Вале огаҳ намуд, ки дар оянда эҳтимол модар нашавам. Дар он лаҳза танҳо аз тифли батнам халос шудан мехостаму тамом. Розӣ шудам ва сипас ба утоқи ҷарроҳӣ рафтем. Пас аз гузаронидани сӯзандору пеши чашмам сиёҳӣ заду дигар чизеро дар ёд надорам. Чашм кушода, худро дар утоқе дидам, дугонаам дар кунҷе менишаст...
Бо садои ларзон фарёд кардам ва дугонаам хурсандона, “шукр, халос шудӣ”, мегуфт. “Модарат ҳамиқа занг заданд, ки маҷбур шудам телефонта хомӯш кунам. Маҳ, гиру ҷавобашона деҳ, вагарна хавотир мешаванд”. Ва илова кард, ки кор дорад. Инро гуфту рафт ва маро бо суолҳои беандозаи модараму борони смсҳои ошиқонам, танҳо гузошт.
Қалами тақдир
Телефонамро гирон кардаму фавран ба модарам занг задам ва ба саволҳояш дурӯғ посух додам, ки телефонам “заряд” надошт. Модарам ба ман хушхабареро расонданд, ки маро аз ҳаёти рӯъёиам ба зиндагии воқеӣ баргардонд. Тавре модарам гуфтанд, Саид ном писари ҳамсояамон ба хостгориам омадаву падарам розӣ шуданд ва маро фотиҳа карданд. Гиря гулӯгирам карду чизе гуфта наметавонистам, вуҷудамро тарс фаро гирифт. Модарам хомӯшиамро аломати розигиам дониста, насиҳатҳояшонро шурӯъ карданд. Мегуфтанд, ки мабодо ягон беақлӣ накунаму танҳо дар фикри дарс бошам ва ман дар ҷавоб хуб мегуфтам. Наметавонистам, орзуҳои модарамро барбод диҳам, зеро модарам бемор буду метарсидам, ки боз ба фалокати дигар гирифтор нашаванд. Аммо худам намедонистам бо ин нанг чӣ кор кунам. Барои иродаи заиф доштанам ба худ лаънат мехондам ва сахт пушаймон будам, аммо чӣ суд? Акнун дер шуда буду касе ба додам намерасид. Танҳо ашкҳои сӯзони пушаймонӣ ҳамроҳам буду халос.
Тарс дар дил
Саид ҳамдеҳаамон буду падараш дӯсти падарам ба шумор мерафт ва хонаводаҳоямон рафтуомад доштанд. Ман аз нанги ба бор овардаам ҳарос доштам. Агар ҳақиқат ошкор шавад, падарам маро оқ мекарду модарам аз ғами ман ба фалокате дучор мешавад ва худамро мардум ҳамчун фоҳиша мешиносанд. Аз фикри зиёд хаста шуда, хобам бурд ва қариби шом бедор шудам. Дигар бо ошиқонам гап задан намехостам ва ба паёмакҳояшон низ ҷавоб намедодам. Муддате танҳоиро ихтиёр намуда, ба донишгоҳ мерафтагӣ шудам. Таътили тобистона наздик меомаду имтиҳонҳо сар шуда буд. Ҳеҷ кадоме аз ошиқонам дигар суроғам намекарданд. Замоне буд, ки ба хотирам ҷанг мекарданд, акнун ҳатто салом ҳам намедоданд. Лаҳзаи баргаштан ба деҳа наздик мешуду тарси ман зиёдтар. Аммо, бо олами тарсу нигаронӣ ба деҳа баргаштам. Дар деҳа мунтазири баргаштани ман буданд. Ҳамин, ки қадамам расид, хонаводаи домод барои маслиҳати тӯй омаданд ва тарси ман ду баробар зиёд шуд. Бо шинохте, ки аз Саид доштам, бисёр ҷавони боахлоқ ва мисли мардони дигари деҳот бадрашк буд. Ҳатто телефонӣ гап намезадем. Хурсанд будам, ки гап намезанем, охир чӣ ҳам мегуфтам.
Моҳ пушти абр намемонад
Дар ниҳоят маросими тӯй бо шаҳомати хос баргузор гардид ва моро ба хонаи бахт гусел карданд. Бо нигаристан ба чеҳраи Саид, айби худам пеши назар ҷилвагар мешуд. Худоё, ман чӣ кор кардам. Ҳаётамро бо дастони худам сӯзондам. Аммо ин пушаймониҳоро суде набуд. Билохира, домонбохтагиам ба Саид маълум шуд. Ҳар ду хомӯш будем, хонаро сукути ваҳмангез фаро гирифта буд. Намедонам, Саид дар чӣ андеша буд, аммо ман аз шармандагӣ сукут мекардам. Сипас, Саид гуфт: “Бирав! Ман бо шубҳа зиндагӣ карда наметавонам” ва аз хона баромаданӣ шуд. Саросемавор ба пояш ғалтидаму зора намудам, ки ба гапам гӯш кунад, баъд ҳар чӣ гӯяд, ҳамон мешавад. Ӯ ҳатто нигоҳам намекард, аммо гиряву зории ман бетаъсир намонд.
Фариштаи наҷот
-Гӯш мекунам,- гуфт, Саид, вале сӯям нимнигоҳе ҳам накард.
Бо вуҷуди ин, шукр мекардам, ки ақаллан гӯш мекунам гуфт. Ман аз пушаймониву содагиам ва ба гапи дугона рафтанамро иқрор шудам. Илова намудам, ки бигзор зани дигар гирад, аммо ин гуна маро талоқ надиҳад, зеро модарам беморанду ин бори нангро таҳаммул намекунанд. Ғайричашмдошти ман Саид ҷавобе дод, ки аз шарм ва азоби виҷдон намурдаму халос. Саид ба раҳм омад магар, ки маро бахшид ва шарт гузошт, ки донишгоҳро фаромӯш кунаму минбаъд телефон тамоман нагирам. Розӣ шудам ва ҳамаи шартҳояшро бо ҷону дил қабул кардам.
Товони гуноҳ
Бо сардиву гармӣ ва пастиву баландии ҳаёт мубориза бурда, 5 сол дар ҳаёти муштарак соҳиби фарзанд нашудем. Бо исрори хушдоманам ба духтур рафтем, аммо ягон мушкил набуд. Худам сабаби аслиашро медонистам. Ин товони гуноҳам буд. Саид зан гирифту соҳиби фарзанд шуд, аммо талоқи маро надод. Мо ду зан дар зери як сақф, баъзан оштӣ ва баъзан бо баҳсу қаҳрӣ зиндагӣ мекардем. Солҳо гузашт, аммо ман то охири умр дар ҳасрати фарзанд будаму ҳастам...
Таснифи Хомиса