Баҳори соли гузашта бачаи ҳамсояамон тӯйи дакаданг ороста писарашро хонадор кард. Ба Шарифҷон духтари директори мактабро келин карданд. Ҷомаҳои домодиаш гард нагирифта феълу хӯи домод аз нохуни пояш сар карда, то мӯйи сараш якбора тағйир ёфта монд. Пеш аз зангириаш Шариф барин бачаи хоксор дар деҳа он тараф истад, дар ягон гӯшаи дунё набуд, ягон вақт “ман” намегуфт, кибру ғурур ва ҳавобаландиро намедонист. Намедонам баъди тӯй ба ӯ кадом ҷин асар кард, ки дар як ҷумлааш 3 бор “ман” мегуфтагӣ шуд. Ҳамаи хурду бузурги деҳа аз чунин тағйир ёфтани Шариф дар ҳайрат буданд, падару модараш ба таҳлука афтода “мабодо дар даруни чилла тарсида паривара нашуда бошад” гӯён, Шарифро ба назди домулло бурда дуохонӣ ҳам карданд, вале суд накард. Шариф ба ҷойи дубора мисли қадим шудан ҳар рӯз нағмаҳои нав ба нав мебаровард. Рафта-рафта либоспӯшиаш ҳам тағйир ёфта, ин деҳқонбача аз рӯи футболка галстук мебастагӣ шуд. Кампири Холбибии ҳамсояамон якбора чунин “интелегент” шудани Шарифро дида ангушташро ба чаккаи сараш бурда, тоб медод. Яъне майнаи ин бача беҷо шудагӣ. Модараш мудом “Худоҷон, ба бачаяки ба ҳафт мазор садақа карда бо азоб ёфтаам кадом ҷин асар кардааст ё парвардигор фарзанди талбида гирифтаи маро шифо деҳ” гӯён, гиряву нола мекард, падараш бошад, айнакҳоро ба чашм монда, олимон барин рӯз то бегоҳ майна об мекард, ки чаро баъди тӯй Шариф якбора чунин девонаавзоъ шуда монд, охир дар авлоди онҳо ягон ҷиннӣ набуд-ку!
“Ҷин”-и ба ин бача ёргашта ба ӯ танҳо як некии бузург карда буд-Шарифе, ки пештар ҳатто падару модарашро ту мегуфт, акнун пашшаро ҳам “Шумо” мегуфтагӣ шуда буд ва ҳатто кӯдаки гаҳвора ҷеғ занад ҳам, дарҳол “лаббай” гӯён, ду дасташро пеши бар мегирифт. Инро 55%-и аҳолии деҳа фоли нек ҳисобида мегуфтанд: “Аз забони ин бача ҳам калимаи “лаббай”-ро мешунидаем-дия! Гумон карда будем, ки дар 7 қабати тору пуди забон ва майнаи сари Шариф Худованд калимаи “лаббай”-ро нанавиштааст...”
Сирри “ЛАББАЙ” фош гашту...
Вақте ки сирри якбора “лаббай” гӯяк шудани Шариф фош гашт, дили ҳама аз ӯ мисли уқёнуси Атлантик сард шуда монд. Гап дар он будааст, ки хусураш Шарифро хуб сарзаниш карда гуфтааст:
-Ҳой бача, ту домоди ман барин одами одамшаванда ҳастӣ, ҳар як гапу кори ту ба обрӯи ман таъсир мерасонад. Мушоҳида кунам, хоҳ аз худат хурд ҷеғ занад, хоҳ аз худат калон қишлоқиҳо барин “ҳой” гуфта ҷавоб медиҳӣ. Аз ҳамин рӯз яътиборан кӯдаки гавҳора ҳам фарёд кунад, ҳатман лаббай мегӯӣ, фаҳмидӣ?! Бо лаббай гуфтан ягон чойи одам кам намешавад. Аллакай чанд кас эрод гирифта гуфтанд, ки шумо одами машҳуру домодатон аз кӯчаи тарбият нагузашта будааст, ҳурмату эҳтиромро намедонад, аз даҳонаш “лаббай”-у “шумо” намебарояд...
Ҷавон гунаҳгорона сар ба зер афканда “дадаҷон, ваъда медиҳам, ки ислоҳ мешавам, албатта ислоҳ мешавам” гӯён, чунон дасту пойҳояш дир-дир ларзидааст, ки қотили ҳафт касро кушта дар назди муфаттиш ҳамон қадар намеларзад.
Акнун падару модари Шариф дар ҳаққи падари келинашон дуои нек карда мегӯянд: “Дарди қудом ба сарам занаде, бачаҳаки моро бо ду даҳон гап тарбият намуда, миёнаи одамшин карда монда-а! !
ФАРЗОНА МУРОДӢ