Formula novemver 2024
Домод қасди куштани хушдоман кард
817


Дар шаҳри Турсунзода ҷавонмардеро бо иттиҳоми сӯйиқасд ба куштор боздошт намудаанд. Ин мард аз модарарӯсаш қасос гирифта, ӯро ба қатл расондан мехост, вале...

Ғайрат Қузимуродови 27-сола шаби 20-уми сентябр бо корд мусаллаҳ гаштаю ба сараш ниқоб кашида ба манзили собиқ модарарӯсаш Муҳаббат Эшбӯриева медарояд. Вай бо роҳи пинҳонӣ ба ҳуҷраи хоби соҳибхоназан ворид гашта, собиқ хушдоманашро, ки бо набераҳояш масти хоб буд, пай дар пай 5 корд мезанад.

Аз фиғони ҷонкоҳи зани захмишуда кӯдакон бедор шуда, доду фиғон мебардоранд ва домоди бераҳм аз тарси фош гаштани сирраш аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад.

Занро дар ҳолати вазнин ба беморхона бурданд, домоди бешафқат бошад, каме дертар аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуд.

Тавре ки аз гузориши видеоии “Ахбори ВКД” бармеояд, Ғайрат Қӯзимуродов бо духтари ҷабрдида Муҳаббат Эшбӯриева оила барпо намуда будааст, вале бо сабаби бефарзандӣ онҳо аз ҳам ҷудо шудаанд.

Чанде пеш собиқ ҳамсараш ба марди дигар ба шавҳар баромадааст ва Ғайрат Қӯзимуродов бо мақсади қасос гирифтан қасди аз ҳаёт марҳум намудани собиқ хушдоманашро кардааст.

Боздоштшуда дар рафти тафтишот иддао намудааст, ки маҳз хушдоманаш боиси ҷудо шудани онҳо гашта, духтарашро ба марди дигар ба шавҳар дод ва ӯ аз сари рашк даст ба чунин амали берамона зада, мехост қасосашро ситонад.

Айни замон прокуратураи шаҳри Турсунзода нисбати Қӯзимуродов бо қисми 1-и моддаҳои 104, 32 ва қисми 2-и моддаи 147-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, тафтишоти ин қазияи хунин идома дорад. Бар асоси моддаҳои зикршуда ба Ғайрат Қӯзимуродов аз 8 то 15-соли зиндон таҳдид мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД