Давомаш ...
Иблис гузаштаи пургуноҳи рӯҳониро як ба як нақл мекарду абри ғам торафт бештар ба чеҳраи марди худотарс соя меафканд. Симои барошуфта ва нигоҳи маъюсу парешони рӯҳониро дида, шайтон бештар ба ҳуҷум гузашт:
- Эй марди покдоман, чаро хомӯшӣ? Ман туро мефаҳмам, имрӯз ниқоб аз чеҳраат афтид ва акнун намедонӣ чӣ тавр худатро сафед кунӣ. Шумо одамон ҳамеша дар ҳама гуноҳу хатои худ маро гунаҳкор мекунед, вале боре аз сари инсоф бигӯ, чаро он рӯз ту маро аз худ дур накардӣ? Чаро нагуфтӣ, ки зино гуноҳи кабира аст ва чашмонатро аз зани бегона бар нагирифтӣ. Туро мебоист, ки ҳарчи зудтар гиребони тавба дошта ба хона баргардӣ, вале ба ҷойи аз он маҳалли гуноҳ дур шудан, ту баръакс дар он ҷо мехкӯб шуда дигар хуши як қадам қафо мондан надоштӣ. Ба ҷойи чашм аз зани номаҳрам бардоштан, ту баръакс ду чашматро аз арӯси бачаи ҳамсоя наканда, бодиққат ҳар як аъзои ӯро тамошо мекардӣ. Он лаҳзаҳо натанҳо чашм, балки дилу ҷон, ақлу ҳуш, хулоса тамоми ҳастии ту чунон ғарқи тамошои бадани булурини ҷавонзан буданд, ки агар ними танатро бо корд бурида мегирифтанд, хабар намешудӣ...
Иблис кунҷковона ба рӯҳонӣ нигарист. Марди худоҷӯй дар обу арақ ғӯтта зада буд ва эътироз кардан он тараф истад, ҳатто маҷоли сарашро бардоштан надошт. Аз дидани ҳолати афсурдаи ҷони шайтон роҳат карда, суханашро давом дод:
- Келинчак бо боварии қатъӣ, ки касе ӯро дар ин љои хилват намебинад, бо ҳаловат оббозӣ мекард. Вай мӯи шабгунашро парешон намуда, собун дар каф даст ба китфони зебо, синаҳои тарангу дилкаш, рону соқҳои булурин ва дигар љойҳои баданаш мебурду дили ту мисли кабӯтари ваҳшӣ лаҳза ба лаҳза беқарортар шуда аз қафаси синаат берун ҷастан ва сӯйи он нозанин парвоз кардан мехост. Вуљудатро ҳиссиёти гуворое фаро гирифта, туро торафт бештару бештар беқарор мекард…
Ту хуб медонистӣ, ки тамошо кардани бадани урёни зани номаҳрам гуноҳи азим- зино аст, вале ин гуноҳ чунон ширин буд, ки дигар ҳатто Худоро аз ёд бурдӣ. Ту розӣ будӣ, ки як умр, бале, бале як умр дар оташи сӯзони ҷаҳаннам бисӯзию бар ивазаш ақаллан як бор ин пайкари зеборо ба оғӯш гирифта аз латофаташ баҳравар бигардӣ.
Барои як бӯсаи ширин аз он лабони мисли ғунчаи гул дилкаш ту дар он лаҳзаҳо тамоми ҳаётатро мебахшидӣ, агар он нозанин назари муҳаббат ба сӯят меафканд. Мехостӣ вақт дар љояш таваққуф намояд, ту розӣ будӣ, ки соатҳои дароз, на, балки солҳои сол дар паси ҳамон девори похсагӣ нишаста, зери обу арақ монӣ, вале касе базми пургуноҳи чашмонатро халалдор насозад. Ягона орзуят он буд, ки он келинчаки парипайкари мардафган то абад дар ҳамон ҷо оббозӣ кунад ва ту пайкари латифу булӯрини офтобнадидаашро тамошо куниву тамошо...
Иблис лаҳзае хомӯш гашта, таъсири суханонашро ба руҳонӣ санҷид ва баъди он ки ба пурра шикастани иродаи ин марди худоҷӯй боварӣ ҳосил кард, ҳуҷумашро давом дод:
- Эй бандаи пок, чаро ту он замон лаҳзае аз гуноҳ, амалҳои шайтонӣ ва рӯзи љазо андеша нарондӣ? Чаро маро, ки ба қавли худат сабабгори кулли гуноҳҳои банни одам ҳастам, аз худ нарондӣ? Ту ғайриихтиёр, бале ман иқрор мекунам, ки ѓайри ихтиёр ва хаёлан он бадани диловезро гаштаву баргашта ба оѓӯш гирифта аз шамими анбарини кокулону накҳати ҷонбахшои атри танаш коми дил мебардоштӣ, вале охир ту хуб медонистӣ, ки ин гуноҳ аст!
Иблис ба чеҳраи маъюси роҳиб нигариста писханд зад:
- Акнун симои аслии худро дидӣ? Ман аминам, ки то ин лаҳза ту ҳам мисли дигар одамон худро ботинан нексиришту бегуноҳ ҳисобида, тамоми айбу гуноҳи дар зиндагӣ содиркардаатро бар сари ман, ба сари Иблис бор мекардӣ, вале акнун аз рӯйи инсоф бигӯ, гунаҳкор манам ё ту?
Худованди бахшанда ва бахшоянда ба шумо, бандагони дӯстдоштааш дар китобҳои осмонӣ паём додааст, ки бурранда ва фурӯнишондиҳандаи тамоми гуноҳҳо тавба аст, аммо, шумо, одамон ба ҷойи гиребони тавба доштан ва назди Парвардигори бахшоянда тавба кардан, ҳамеша дар ҳар як муноқишаву моҷаро гунаҳгор мељӯед.
Ба ҳеҷ ваҷҳ иқрор шудан намехоҳед, ки гунаҳгор худи шумоед. Ё не? Бигӯ, хомӯш наист, бигӯ охир! Чаро посух намедиҳӣ?! Мебинам, ки суоломез ба сӯям менигарӣ. Хуб, майлаш, баҳри қонеъ намудани ҳисси кунҷковии ту, ки ман то куҷо аз сирру асрорат воқиф ҳастам, давоми саргузаштатро қисса мекунам.
Пас аз муддате келинчаки ҳамсоя шустушӯи худро ба итмом расонида, боз пероҳани наварусӣ ба бар кард ва сатилу сачоқ дар даст даруни яке аз хонаҳо нопадид гашт. Вай ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки бо бадани урёни ҳамсони шираш дар дили љавоне туфон афкандааст.
Гумон надошт, ки ҷавоне ҳини оббозӣ бадани зебои ӯро тамошо карда ҳанӯз бо дили лабрези ҳавою ҳавас такя ба девори сард намуда, сари як по рост истодааст. Фақат ба ман нагӯ, ки ту ба он келинчак ошиқ шуда будӣ. Не, садҳо бор не!
Он чи дар дили ту туфон дошт, аз ишқ фарсахҳо дур буд, ту танҳо мехостӣ аз он зан коми дил ситонӣ. Ту танҳо дар андешаи айши пургуноҳ бо он парипайкар будӣ. Ту зино мехостӣ, зино…
Давом дорад ...
Аз идора: Идмаи қиссаро пагоҳ соати 21:00 дар сомонаи мо мутолиа намоед.