-Кадом аблаҳ аз хўроки тайёри дар пешаш буда даст мекашаду як соли дароз мунтазир менишинад. Ман то мактабро хатм кардани ту магар метавонам тоқат карда? Гапро кам карда, ба хубӣ розӣ шав, худат ҳам кайф мекунӣ, бешўхӣ. Агар розӣ нашавӣ ҳам, аздусар ман корамро мекунам. Чунин сайди муфтро ман аз даст дода наметавонам, азизаки ман,- гуфта бо тамоми қувват худро ба болои ман устувортар гирифта, ҷисмамро фишор дод.
Дасту по задани ман бефоида буд. Зеро ин ҷавонмарди барзангии таҷрибадор мисли сайди нимҷон маро дар чанголи пурқувваташ нигоҳ медошту имкони ҷумбидан намедод. Ҷисми хурдакаки ман дар зери ин барзангӣ пахш гардидаву ғайри итоат кардан чораи дигар надошт. Ман бо тамоми овоз фарёд мезадам. Аммо вай даҳони ифлосашро ба даҳони ман гузошта, маро бештар пахш намуд ва аз дарди ҷонкоҳи тоқатнопазир аз ҳуш рафтам. Дигар ҳама оламу одамро фаромўш сохтам. Пеши чашмонам сиёҳ гашту ба ҳуш биёям, ки дар бемористон хобидааму модарам бо чашмони пурашк дар паҳлўям нишастааст. Бо ҳамин аз бепарвоии худ ман бадном гаштам. Муддате чанд дар бемористон хобидаму табобат гирифтам. Аммо рўҳан бемор будам. Ин дарди табобатнашаванда буд.
Ҳилолро дар арафаи суд ба муддати 15 сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Аммо ҷазои якумрӣ бинад ҳам, номуси ман дигар ҳеҷ гоҳ барқарор намегардид. Чандин вақт ба худ омада наметавонистам, аз хона ҳам баромадан намехостам. Волидонам маҷбур шуданд, ки ҷои зистамонро иваз намоянд. Бо ин корашон мехостанд аламҳои дили ман фаромўш шаванд. Дар ҷои зисти нав ҳам дигар ханда аз лабони ман гум гаштаву андўҳи дарунии маро давое набуд. Бо дахолати як дугонаам ба донишкадае дохил гардидам. Айёми донишҷўйӣ оғоз гардиду гўё ман он воқеаи нангинро андаке фаромўш сохтам. Барои худро ба чизе андармон сохтану аз андўҳи ниҳонии дил раҳо гардидан, дар дастаи ҳунарии донишкада шомил гардидам. Аз ҳунари сарояндагӣ каму беш бохабар будам. Дар ҷамъомадҳои донишкада суруд мехондаму ба дигарон писанд буд. Дастаи ҳунарии мо дар консертҳои корхонаҳо низ даъват гардида, ҳунарнамоӣ мекардем. Рўзе роҳбари дастаамон пешниҳод намуд, ки як рафиқам сардори маҳбасхонае асту хоҳиш кард, ки бо барномаи консертии худ назди маҳбусон низ баромад намоем.
-Муаллим, барои чӣ маҳз маҳбасхонаро интихоб намудед, ҷойи дигар нест магар?-гуфтам ман дилам аз чизе гувоҳӣ дода.
-Онҳо низ инсонанду барои суруд шунидану фароғат намудан ҳақ доранд. Барои як хатои дар ҷавониву беақлӣ содирнамудаашон мо ҳамаи онҳоро аз қатори инсонҳо хат намезанем-ку. Бар замми ин, рафиқам, ки сардори маҳбас аст, аз ман ин хоҳишро намуд.
-Илтимос, муаллимҷон маро ҷавоб диҳед, ки наравам, зеро сахт метарсам.
-Не, бе ту намешавад, Зевар, бояд ҳатман равӣ. Номераи ту асосӣ аст. Агар наравӣ, метавонӣ дигар аз дастаи мо хориҷ гардӣ.
Бо вуҷуди дили сиёҳ доштан ба хотири наозурдани роҳбари дастаамон ба он консерт рафтам. Дар аввал дар толор чунон хомўшӣ ҳукмфармо буд, ки агар пашша пар занад, мешунидӣ. Ҳама орому ботамкин тамошо менамуданд. Ман ҳам як суруд хондам. Ин суруди хондаамро маҳбусон писандиданд магар, ки хеле зиёд кафкўбӣ намуданд. Ин пазироии гарму ҷўшонро дида, хостам суруди дуюмро низ сароям. Ҳангоми сароидани суруди дуюм аз толор касе бо овози баланд «Зевар» гўён, садо намуду садоям дар гулўям печид. Ман дар рў ба рўйи худ Ҳилол, онеро, ки маро барои якумрӣ бадбахт намуда буд, дидам. Ҳилол аз ҷойи худ хеста, рост сўйи саҳна меомаду дар пеши назари ман он лаҳзаи мудҳиши нангин ва мисли деви барзангӣ дар болои ман баромада, таҷовуз карданаш ҷилвагар шуд ва гумон кардам, ки он ҳодиса боз ин лаҳза такрор хоҳад ёфт. Бо тамоми овоз фарёд задам. Дар толор ҷумбише ба амал омад. Ҳамаи маҳбусон аз ин кори Ҳилол ба ваҷд омада, кафкўбӣ мекарданд. Онҳо намедонистанд, ки ин мард аз боиси ман ин ҷо нишастааст. Агар донанд, шояд ҳамакаса бархоста, маро пора-пора мекарданд ё худ ўро, намедонам. Аммо намефаҳмидам, ки Ҳилоли лаънатӣ он лаҳза дар дил чӣ нияту нақша дошт. Бо қадамҳои калон-калонаш сўйи ман меомаду тамоми вуҷуди маро ҳисси тарсу нафрат фаро мегирифт. Посбонон зуд давиданду ўро нагузоштанд, ки ба ман наздик шавад. Аммо ман дар рўйи саҳна дигар мадори истодан надоштаму дароз афтодам ва дигар дар ёд надорам, ки чӣ ҳодиса рўй додааст. Ҷароҳати шаш сол пеш дар ниҳонхонаи қалбам бардоштаи ман қариб, ки фаромўш шуда истода буд, аз нав рўй зад. Ман аз пештара дида дамдуздтару одамгурезтар гаштам. Ҳамдарсонам ҳайрон буданд, ки мани хушчақчақ чаро якбора ба андозаи сад фоиз дигаргун гаштам. Дигар аз маҳфили ҳунарӣ ҳам даст кашидам. Ҳарчанд роҳбари гурўҳамон худро гунаҳкори асосӣ ҳисобида, аз ман узри бисёр пурсид ва хоҳиш кард, ки баргардам, аммо барои ман дигар зиндагӣ якрангу берўҳу сафо гашта буд.
Давом дорад