Имрӯзҳо дар ҳамаи соҳаҳо занон нақш доранд ва дар баробари мардон гом мениҳанд. Чун имрӯз “Рӯзи модар” аст, сомонаи Оила ТЧ тасмим гирифт, ки аз ҳаёти як зани таксирон қисса кунад.
Мавлуда Исломова 65 сол дорад. Ин зани меҳнатқарин тӯли 35 сол ҳамчун меъмор-сохтмончӣ фаъолият кардааст, вале баъди ба нафақа баромадан дар ширкати Рахш таксӣ ба кор шурӯъ карда, то имрӯз ба мусофиркашонӣ машғул аст. Писараш се сол пеш аз бемории ҷигар вафот кард, духтараш бошад, дар давраи пандемияи коронавирус дар Маскав аз олам гузашту парастории набераҳои ятиммондааш бар дӯши бибии куҳансол афтид. Ин зани ҷигарсӯхта алорағми бозиҳои талхи сарнавишт миёнашро маҳкам баста, имрӯз ба парастории ятимакон машғул аст. Азбаски нафақаи мегирифтааш барои таъминоти кӯдакони аз меҳру муҳаббати волидон бенасиб гашта кифоят намекард, бибии ғамхорашон дар дами пирӣ таксист шуд. Акнун Мавлуда Исломова бо маблағе, ки аз ҳисоби мусофиркашонӣ дар таксӣ ба даст меорад, набераҳои ятимашро дар хонаи иҷора мехӯронад, мепӯшонад ва тарбият мекунад.
Ин модари аламзада мегӯяд танҳо барои ду набераи хурдсолаш ба пойи худ рост истода, зиндагиро пеш мебарад. Беҳтараш сарнавишти ин зани таксиронро аз забони худаш бишнавед. (Видео)