Sebiston new 2024 october
Додхудо Шарифзода. Аз ғолибият дар озмунҳо то муассисии озмун
973

 

Додхудо Шарифзода 13-уми феврали соли 2000-ум дар ноҳияи Деваштич ба дунё омадааст. Ӯ муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25-ро бо баҳои хубу аъло хатм карда, дар давраи мактабхонӣ ғолиби олимпиадаҳои ноҳиявиву вилоятӣ ва инчунин ғолиби озмуни байналмилалии ”История века” гаштааст.

Баъд аз хатми мактаби миёна соли 2018 тариқи Маркази миллии тестӣ ба зинаи бакалаври Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, риштаи сиёсат ва идораи давлатӣ дохил шуда, соли 2022 бо муваффақият онро хатм карда, худи ҳамон сол ба зинаи магистратура аз рӯи ихтисоси идора ва ҳуқуқ ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудааст.

Бо вуҷуди синну соли ҷавонӣ, ӯ аллакай ба дастовардҳои зиёд ноил шуда, дар давраи донишҷӯи дукарата ғолиби олимпиадаи байналмилалии умумирусиягӣ аз фанни алгебра, ҳуқуқ ва ҷомеашиносӣ гашта, пас аз он дар соли 2023 беҳтарин донишҷӯи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, беҳтарин дошиҷӯ дар шаҳри Ослои Норвегия дар миқёси Иттиҳоди Аврупо, беҳтарин дошишҷӯи бурунмарзӣ, муаллифи беҳтарин мақолаи илмӣ, нишони сарисинагӣ барои ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шашкарата дорандаи ифтихорномаи фахрии вазири корҳои дохилӣ ва чанде дигар мукофотҳо гардидааст.

Соли 2024 Ташкилоти байналмилалии “Маркази рушди зеҳнӣ” дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни байналмилалии “100 чеҳраи муваффақ”-ро аз рӯи 10 номинатсия - илм ва маориф, ҷавонон ва варзиш, фарҳанг ва санъат, IT-технология ва зеҳни сунъӣ, хизматчиёни давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиа, соҳибкорон, ихтироъкорон ва барномасозон, шоирону нависандагон ва рӯзноманигорон баргузор кард, ки муассиси озмун маҳз Додхудо Шарифзода аст.

Озмун миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуда, дар он омӯзгорон, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, варзишгарон, санъаткорон, барномасозон, хизматчиёни мақомоти давлатӣ, ки фаъолияти хубӣ хизматӣ доранд, кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, соҳибкорон, ихтироъкорону барномасозон, адибоне, ки асарҳои назмиву насрии онҳо дар таблиғи сулҳу дустӣ байни кишварҳои ИДМ ва барқарории муносибатҳои гуногунҷабҳа саҳм гузоштаанд, рӯзноманигороне, ки миёни сокинони кишварҳои ИДМ ҳаводор доранд, иштирок мекунанд. Аввалин ҷоизаи ифтихории он ба раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ тақдим гардид.

Додхудо дар оянда нақша дорад, ки барои пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон тамоми талошу кушиши худро ба харҷ хоҳад дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД