Sebiston new 2024 october
ДОДАРШӮЙИ БАДМАСТАМ МАРО ХОНАВАЙРОН КАРД
7635

Нилуфар Н. 26-уми майи соли 1994 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Дар синни 21 солагӣ ӯро бо ҷавони аз худаш 9 сол калон хонадор мекунанд.

Хушдомани Нилуфар 3 писару 5 духтар дошта, ҳамаи фарзандонаш оиладор буданд. Умар- ҳамсари Нилуфар писари хурдии хонадон буда, мисли аксари ҷавонмардони тоҷик Русияро манбаи дармади худ медонист ва ҳамасола ба мардикорӣ мерафт. Арӯсу домод ҳамагӣ як моҳ бо ҳам ошиқонаву хушбахтона зиндагӣ карданд, баъдан Умар боз роҳи Русияро пеш гирифт, зеро рухсатии меҳнатиаш ба поён расида, дар сурати нарафтан ӯро аз ҷойи кораш ихроҷ мекарданд. Нилуфар дарк мекард, ки шавҳараш ба ҷуз рафтан дигар ягон чора надорад, зеро бояд қарзи тӯйро баргардонад, аз ҳамин хотир лаб зери дандон гирифта, бо сӯзиши дарди ҳиҷронро хомӯшона фурӯ бурд, вале ...

Нағмаҳои додаршӯй

Вақте ки шавҳараш дар бараш буд, ҳамеша аз Нилуфар дифоъ мекард ва зиндагии арӯсак дар хонаи хушдоман ширину гуворо мегузашт, аммо баъди рафтани Умар ҳаёти келинчак ба дӯзах табдил ёфт. Додаршӯяш, ки марди майзадае буд, ҳар рӯз масту аласт омада, арӯсаки ҳанӯз чиллааш набаромадаро дашному ҳақоратҳои қабеҳи болохонадор медод. Хушдоманаш кӯшиш мекард, ки тарафи арӯсро бигирад, вале писари бадмасташ ӯро низ ҳақоратшап карда, чунон суханони нешдоре мезад, ки ба такрор карданашон забон намегардад.

Умеди зиндагӣ

Нилуфар лаб зери дандон гирифта, чунон вонамуд мекард, ки гӯё кар шудааст ва дашному ҳақоратҳои қабеҳи додаршӯяшро намешунавад, зеро нахли умрашон аллакай бор оварда, ҳомиладор буд. Арӯсак ба хотири тифли батнаш ба ҷабру зулми қайнӣ тоқат карда, дар бораи муносибати бади додаршӯяш ба падару модараш чизе намегуфт, то ки байни қудоҳо моҷаро ба миён омада, боиси дилсардӣ ва хонавайрон шуданаш нагардад. Ӯ шавҳарашро дӯст медошт ва намехост тифлаки батнаш бе падар гардад...

Байни обу оташ

Гоҳо аз заҳри забони додаршӯй ҷонаш ба лаб расида Нилуфар ба шавҳараш шиква мекард, ки акааш ӯро дар ин хона орому осуда зистан намемонад. Умар бо шунидани ин гаҳо ҷигархун мешуд, вале байни обу оташ монда, чи кор карданашро намедонист. Ӯ аз рӯйи таомули тоҷикона наметавонист бо бародараш низоъ кунад, зеро хуб медонист, ки агар тарафи занашро бигирад, лақаби “занкалон”-ро ба номаш мечаспонанд. Ягона коре, ки ҷавони муҳоҷир карда метавонист дилбардорӣ намудани ҳамсари ҳомилааш буд. Умар ҳамеша таъкид мекард, ки ба гапҳои акааш аҳамият надиҳад ва бо одами маст сар ба сар нашуда, худ ва тифлаки батнашро эҳтиёт намояд...

Тавлиди тифл ва бозгашти шавҳар

Ҳамин тавр аз байн нӯҳ моҳ гузашт ва Нилуфар тифлаки батнашро ба дунё вард. Фарзанди нахустинашон духтарча буд ва пайки ба дунё омаданаш падари муҳоҷирашро хушбахту сарбаланд гардонд, аммо...

Дили Умар барои зану духтарчааш гум занад ҳам, он сол аз ҷойи кораш ба ӯ рухсатии меҳнатӣ надоданд. Вақте ки ин падари ташнадил ба Ватан баргашт, духтарчааш аллакай яксола шуда буд ва роҳ мегашт. Хурсандии Нилуфар ҳадду канор надошт, зеро ин арӯсаки нозанин ҳамагӣ баъди як моҳи тӯй аз шавҳараш ҷудо шуда, ду соли дароз дарди ҳиҷрон кашида буд. Умар занашро эрка карда, намегузошт, ки пояшро ба замин сахттар монад, аммо...

Боз ҳиҷрон, боз дурӣ

Як моҳ мисли як рӯз дар як мижа задан ноаён гузашт ва шавҳараш боз рахти сафар баст. Қалби Нилуфар фиғон мекашид, ки маро партофта нарав, вале ҳаёи занона нагузошт, ки ин суханонро ба забон биёрад. Хушбахтона, додаршӯяш ба шаҳри Душанбе коркунӣ рафта буд ва акнун касе дар ин хонадон ӯро азият намедод. Нилуфару хушдоманаш мисли модару духтар ба ҳамдигар меҳрубон буданд ва як мавизро бе якдигар намехӯрданд.

Писар-мояи ифтихор

Нилуфар боз ҳомиладор буд ва духтурҳо тифли батнашро писар пешгӯӣ карда буданд, аз ҳамин хотир “бачаи бачама эҳтиёт кун” гӯён, модаршӯяш иҷзат намедод, ки Нилуфар корҳои вазнинро анҷом диҳад...

Ҳамин тавр баъди нӯҳ моҳ ӯ писарчаи паҳлавонсурате ба дунё оварда, сари шавҳари муҳоҷирашро ба осмон расонд. Ӯ аз шунидани он ки ҳамсараш писар таваллуд кардааст. Дар куртааш намеғунҷид ва ба назар чунин менамуд, ки аз ин пас касею чизе хушбахтии онҳоро халалдор сохта наметавонад, вале...

Найрангҳои амаки бадмаст

Чиллаи писарчаи Нилуфар ҳанӯз набаромада балои аз зери замин баромадагӣ барин, боз ҳамон бародари майзадаи шавҳараш ба хона баргашта, айши аҳли оиларо талх гардонд. Акнун ӯ натанҳо ба келин, балки ба фарзандони додараш низ рӯз нишон надода, бераҳмона онҳоро зери мушту лагад мегирифт.

-Шавҳарамро дӯст медоштам ва намехостам зиндагиам вайрон шавад, барои ҳамин ба ҳамааш тоқат мекардам, вале вақте ки додаршӯям кордро дар гардани фарзандам монд, тоқатам тоқ шуда ба сари акаи шавҳарам даст боло кардам. Азбаски мани сарсахт то он вақт ба ҳама ранҷу озори додаршӯйи бадмастам хомӯшона тоқат карда, ҳатто овоз намебаровардам, чунин рафторро аз ман ҳеҷ интизор набуд ва якбора даст боло карданамро дида, бо ғазаб чунон гӯшамро сахт тоб дод, ки гӯшам дарид. Косаи сабрам лабрез гашт ва фарзандонамро гирифта, ба хонаи падару модарам омадам,-қисса мекунад келинчаки ҷабрдида.

Нилуфар дигар тоқат накарда аз болои бародари шавҳараш ба милитсия шикоят кард ва дигар пояшро ба остонаи дари хушдоман нагузошт. Ҳолодухтаруписараш дар мактабимаҳалли зисти бобою бибии модариашон таҳсил карда истодаанд. Шавҳарашҳолоҳам дар Русия мардикорӣ мекунад.

Нилуфарҳо зиёданд

Тибқи қонун зӯроварӣ дар оила кирдори зиддиҳуқуқӣ буда, расонидани зарари ҷисмонӣ ё равонӣ аз ҷониби як аъзои оила ба аъзои дигари хонавода манъ аст, вале мушкилот дар он аст, ки на ҳама занону духтарони тоҷик маърифати баланди ҳуқуқӣ доранд.

Иддае аз бонувон аз қонун огоҳӣ дошта бошанд ҳам, ба хотири вайрон нашудани оилаашон сирру асрорихонаводагиро пинҳон дошта, аз рӯйи шахсоне, ки нисбаташон зӯровариро раво мебинанд, ба мақомот шикоят намекунанд. Занҳое, ки мисли Нилуфар чунин саргузашти талх доранд, дар ҷомеаи мо кам нестанд ва аксарияташон роҳи халосиро намедонанд. Аз ҳамин хотир хуб мешуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни занон дар боби ҳимояи ҳуқуқҳои худ қувватнок карда шаванд.

НИЛУФАР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД