Дар вилояти Суғд марде бо зоғнӯл бародарашро зада куштааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар дод.
Як марди 52-солаи сокини шаҳри Исфара бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии бародараш аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда, шаби 4 ба 5-уми июни соли 2024 дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматиаш бо бародараш марди 56-сола ҷангу ҷангҷол намуда, бо истифода аз зоғнӯл ба сару рӯи ӯ якчанд маротиба задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.