arzon replenishment
Додани гармӣ ба сокинони шаҳри Душанбе қатъ мегардад
124

Шуруъ аз 1-уми апрел додани гармӣ, яъне отопление ба сокинони шаҳри Душанбе қатъ хоҳад гашт. Дар ин бора аз Шабакаҳои гармидиҳии пойтахт хабар додаанд.

Гуфта мешавад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии кишвар рӯзи 24-уми март имкони боридани борон вуҷуд дорад, вале баъди он ҳаво гарм шуда, зарурати гармидиҳӣ ба сокинони шаҳр дигар боқӣ намемонад.

Дар мавсими имсола ба шабакаи гармидиҳии пойтахт 3200 иншоот пайваст гашта буданд, ки аз ин шумора 544 иншоот ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 1 447 иншооти ноҳияи Сино, 665 иншооти ноҳияи Шоҳмансур ва 544 иншооти ноҳияи Фирдавсӣ мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД