(Идомааш)
Баъди ба Данғара расидан тағоям аҳволи кӯдакро диду ба кадом як табиби шиносаш занг зада, вазъиятро фаҳмонид. Намедонам дар телефон чӣ маслиҳат карданд, ки баъди ин тағоям ба ман рӯ оварда гуфт:
- Духтарам, аз шавҳарат барои табобати тифлак иҷозат гир. Фаҳмон, ки вазъияти духтарчааш хуб нест. Як духтури шиносам табобаташро бар уҳда гирифт, вале ба сиҳатшавиаш кафолат надод. Барои ҳамин, забонхат нависед, ки дар ҳолати ягон нохушӣ рӯй додан, на ман ва на духтур гунаҳкор нестем.
Дарав аз телефони худам ба шавҳарам занг зада, ин ҳолро ба ӯ фаҳмонидам. Шавҳарам дағалона “телефонро ба тағоят деҳ” гуфт. Ман ҳам садои гӯшакро баланд карда, ба тағоям додам. Вақте ӯ овозашро баровард, шавҳарам бе саломуалейк “кӯдакро ба Шумо бахшидам. Мурдаву зиндааш аз худатон” гуфту телефонашро хомӯш кард. Гиря нагузошт, ки дигар чизе гӯям. Давида ба пеши духтарчаам, ки дар хонаи дигар хоб буд, рафтаму дар пешаш нишаста, зор – зор гиря кардам. Дилам намешуд, ки духтари ба ҷон баробарамро ба тағоям диҳам.
Тағоям гиряи маро шунавида, ба хона даромад ва маро ба оғӯш гирифта, “зиқ нашав, духтарҷон. Ман худам духтаракатро табобат мекунам. Ту танҳо дуо куну аз Худованд саломатии ҷигарбандатро талаб намо” гуфт.
Баъд аз ду рӯз ҷигарбанди нозанинамро ба Бохтар (он вақт Қурғонтеппа) бурданд. Хушдоманам аз Панҷакент занг зада, “ҳамин рӯз хезу хона биё” гуфт. Ночор ширинакамро ба тағоям партофта, ба Панҷакент омадам. Хушдомани сарсахтам вақти омадан ҳатто дар куҷо будани духтаракамро напурсид.
Дар хонаи хушдоман пайваста корам сӯхтан буду гиристан дар фироқи духтарчаи нозанинам. Тез – тез ба тағоям занг зада, аҳволашро мепурсидам. Ҳамеша дилбардориам карда, “аҳволи духтарчаат хб аст. Бо хости Худо сиҳат мешавад” гӯён, маро тасаллӣ медод.
Худамро бо корҳои хона овора мекардам, ки набудани духтарчаамро эҳсос накунам, вале дили модар дигар аст. Шаб то саҳар ҳушу хаёлам ба Нозанинам банд буд. Либосҳояшро бӯй кашида, гиря мекардам. Дилам мехост, ки тезтар ба дидораш расам, вале хушдоманам иҷозати рафтан намедод. Танҳо ҳуқуқ доштам, ки соле 1 бор дар иди Рамазон ба хона биёям.
Баъди се моҳи табобат духтарчаам сиҳат шуда, аз беморхона баромад. Дар ин миён тағои бечораам, ки худаш 3 духтар дошту бар замми ин ба кӯдаки ман аз падари худаш дида меҳрубонтар буд, пулу моли доштаашро сарф карда, харобу хазон шуда буд. Бечора тағоям хобу хӯрро ҳам фаромӯш карда, ҳушу гӯшаш ба духтараки ман банд буд.