new banner new years
Дӯлма бо баргҳои ток
1031

Маҳсулоти лозима:

600 грамм гӯшт, 4 дона помидор, 1 дона пиёз, 1 дона сабзӣ, ним пиёла биринҷ, 50 дона барги ток, кабудӣ, хушбӯйкунандаҳо ва мурч.

Тарзи таҳия:

Гӯштро аз гӯштқимакунак гузаронида, бо 2 помидори резакардашуда ва пиёзу кабудиҳои резашуда омезиш диҳед. Баргҳои токи шустаро дар оби гарм тар карда, баъди мулоим шуданашон ба онҳо гӯшти қимаро андохта, печонед. Маҳсулоти боқимонда, аз қабили пиёз, сабзӣ ва ғайраро дар равғани растанӣ бирён карда, як коса об резед ва баъдан дӯлмаҳоро ботартиб чинед. Хӯрок дар оташи паст, дар муддати 45 дақиқа омода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД