Ҳафтаи гузашта дар канали «ParvizTV» наворе пахш гардид, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. Дар ин навор дида мешавад, ки дар вақти дарс як хонанда рафтори дағалона карда, омӯзгорро дашном медиҳад ва суханҳои қабеҳ мегӯяд.
Баъд аз паҳн гардидани навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дастури вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, шахсияти ин хонандаи бадзабон муайян карда шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон “ қаҳрамон”-и дар навор буда, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Фархор ва фарзанди директори мактаб Рустам Иброҳимов будааст.
Рӯзи 6-октябри соли 2022 дар рафти дарси забон ва адабиёти тоҷик ин бачаи беадаб бо омӯзгор Миҷгона Сафарова чунин дағалӣ кардааст.
«Дар натиҷа бо фармоишҳои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор директори муассиса Рустам Иброҳимов ва муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Маҳбуба Фатоҳова аз вазифа озод карда шуданд”- иттилоъ медиҳад манбаъ.
Гуфта мешавад, ки нисбат ба мудири шуъбаи маорифи ноҳия ҷиҳати беназоратӣ ва дуруст ба роҳ намондани корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ муҷозоти интизомӣ татбиқ гардидааст. Ҳамчунин, нисбат ба хонандаи мактаб аз ҷониби масъулини хадамоти кор бо ноболиғони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фархор мавод тартиб дода шудааст.