Нозанин ҳастам, аз шаҳри Истаравшан. Соли гузашта бо ду фарзанд аз шавҳарам ҷудошудам, чунки падари бачаҳоям аз ақл бегона буд ва маро баҳудаву беҳуда мезад.
Аз дасти ин марди ноқисулақл рӯз надоштам ва дигар тоби чунин зандагии талхро накарда,ба хонаи падарам баргаштам. Се бародари дорам. “Мо худамон фарзандонатро калон мекунем”гуфта, акаҳоям иҷозат намедиҳанд,ки дубора шавҳар кунам. Модарам чанд бор гуфтанд,ки ба хоҳаратон Юсуфи додари раиси маҳалла хостгор шудаасту имрӯз ё фардо ба хона меоянд, вале бародаронам қиёматро қоим карданд, ки набиёяд, мо хоҳарамонро ба шавҳар доданӣ нестам.
Ростӣ, то охири умр дар хонаи падар мондан намехоҳам, зеро боварӣ дорам, ки баъди сари модарам янгаҳоям дар ин хона дигар ба ман рӯз нишон намедиҳанд. Аз шавҳари якумам ба ҷуз шаттаву шаллоқ дигар чизе надидам ва мехоҳам дубора бахтамро санҷам, аммо аз шарму ҳаё рӯям намешавад, ки ин гапро ба акаҳоям ошкоро бигӯям.
Илтимос ба ман маслиҳат диҳед, дили акаҳоямро чӣ хел ёбам, ки монеъи бахти ман нашаванд?