arzon replenishment
Дилам барои фарзанд гум мезанад, мардак!
2825

 

Ману шавҳарам якдигарро дӯст дошта издивоҷ намудем. Шавҳарам марди сарватманд бошад ҳам, дороияш дар назди давлату сарвати падари ман ҳеҷ аст. Дар зиндагӣ ягон камбудӣ надорем, хонаву дари дакаданг, мошинҳои қиматбаҳо, чанд мағозаву корхонаи шахсӣ, бӯстонсаро, зару зевари зиёд…

Дастамро ба оби хунук намезанам, тамоми корҳои хонаи моро хизматгорон мекунанд. Беҳтарин хӯрокро мехӯраму беҳтарин либосро мепӯшам. Моҳи асали мо дар зеботарин кишвари дунё чунон хотирмон гузашта буд, ки амсолашро танҳо дар филмҳои ҳиндиву туркӣ тамошо мекунед. Тамоми лаззати дунёро дидаву чашидаам, ба беҳтарин кишварҳои дунё сафар кардаам, вале як чиз тамоми хушиҳои оламро дар назарам ба шаби тор мубаддал гардонидааст. Ману шавҳарам фарзанд надорем. Барои табобат ба беҳтарин табобатгоҳҳои ҷаҳон рафтем, тамоми фармудаҳои табибонро иҷро кардем, вале ҳомиладор нашудам. Имсол соли даҳуми оиладориамон аст, вале ҳанӯз ҳам соҳиби фарзанд нестем. Дилам кулбори ғам аст, намедонам чӣ кор кунам. Эҳсос мекунам, ки шавҳарам аз ман зиёдтар ғам мехӯрад, вале сир бой намедиҳад. Ҳар шом маро ба беҳтарин тарабхонаву мавзеҳои истироҳатӣ мебарад. Моҳе нест, ки мо ба ягон шаҳри хориҷа сафар накунем, вале ба хонаи холиву бесадо баргашта, чунон дилгир мешавем, ки ногуфтанӣ. Вақтҳои охир аз пурсишу кунҷкобии хешу табор, ки пайваста аз ҳомиладор шудану нашудани ман пурсон мешаванд, чунон дилам хун мегардад, ки аз ғам дигар ба ягон ҷашну маърака намеравам. Одамгурезу хаёлӣ шудаам. Эҳсос мекунам, ки муносибати шавҳарам низ бо ман тағйир ёфта истодааст. Дар дилам чанд гуфтанӣ дорам, ки мехоҳам онро тавассути ҳафтаномаи шумо ба шавҳарам бирасонам: «Мардак, агар танҳо ба хотири наранҷонидани ман зиндагиро давом медода бошӣ, бидон, ки ман дигар тобу тоқати ба чашмони ту нигаристанро надорам. Зани дигар гирифтан мехоста бошӣ, аввал ҷавоби маро дода, баъд зан гир».

Ҳ.Ҳ.

 

Аз нақли шавҳар:

Туро намепартоям, занак, вале…

Мушкиле, ки ба сари ману завҷаам омадааст, шояд дар оилаҳои зиёде низ вуҷуд дошта бошад. Тамоми табибоне, ки мо аз муоинаи онҳо гузаштаем, бо як овоз мегӯянд, ки агар мо аз ҳамдигар ҷудо шавему оилаи дигар бунёд намоем, ҳарду ҳам фарзанддор мешавем, вале ман тобу тоқати шунидани ин гапро надорам. Мақсад дорам, ки бо ягон зани дигар муносибат намуда, боровар будан ё набудани худро фаҳмам, вале ҷавоби занамро доданӣ нестам, чунки ҳамсарамро девонавор дӯст медорам. Чанд маротиба пешниҳод намудам, ки кӯдакеро ба фарзандӣ қабул кунем, вале занам розӣ нашуд. Ростӣ, чӣ кор карданамро намедонам. Бе фарзанд умрам хазон гашта истодааст, вале аз занам низ дил канда наметавонам. Медонам, ки ҳамсарам мухлиси ашаддии ҳафтаномаи шумо аст. Аз минбари «Оила» ба занам муроҷиат карданиям:

Занакҷон, ман туро намепартоям, иҷозат деҳ, ки бахтамро як бор санҷам, шояд худованд ақаллан як фарзандро ба ман лоиқ мебинад!

Р.Ҳ.

Маслиҳати равоншинос:

Дар ҳақиқат мушкили шумо хеле ҷиддӣ аст. Дар сурати пеш омадани чунин иллат роҳи ягонаро мутахассисон дар ҷудо шудану оилаи дигар бунёд кардани зану шавҳар мебинанд. Бародари азиз, мо шуморо мефаҳмем, мехоҳед бо кадом роҳе, ки набошад, фарзанддор шуда ормон шиканед, вале худатонро як маротиба дар ҷойи завҷаатон гузошта андеша намоед. Магар бахтро бо каси дигар қисмат намудан осон аст? Ҳамаашро дар тарозуи ақл баркашида, баъдан ба иқдоме даст занед, то баъдан аз карда пушаймон нашавед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД