Дилафрӯз Сатторова яке аз журналистони муваффақи “Телевизиони Сафина” буд, аммо дар авҷи шуҳрат натанҳо телевизион, балки Тоҷикистонро низ тарк намуд. Бисёриҳо гумон доштанд, ки ин зани ҳунарманд дар ҷустуҷӯи имкониятҳои беҳтар ба Амрико рафтааст, аммо...
Дилафрӯз Сатторова ба касалии саратон гирифтор шуда, рӯз аз рӯз аҳволаш бад мешуд. Дар пойтахт табобат мегирифт, аммо муддате ҳолаш беҳтар шуда, боз бемориаш хуруҷ мекард. Дар ҷустуҷӯи даво вай ба Марказии тадқиқотии Ҷон Хопкинси Амрико муроҷиат намуд ва фаҳмид, ки роҳи ягонаи муолиҷа ҷарроҳӣ кардан аст.
Ҳамин тавр, ин ровии тоҷик барои ҷарроҳӣ ба яке аз клиникаҳои бонуфузи шаҳри Истамбули Туркия рафт, ки бо маркази тадқиқотии Ҷон Хопкинси Амрико ҳамкорӣ доштанд.
Хушбахтона, амали ҷарроҳӣ хуб гузашт ва дар қалби Дилафрӯз шуълаи умеди зиндагӣ дубора равшан шуд. Ҳоло вай ҳар шаш моҳ пас аз ташхис ва табобат мегузарад. Дар нақша дорад, ки фаъолияташро аз нав шуруъ кунад.
Шоира ТИЛЛОЕВА