Arzon march 2024
ДИГАР ДАР ҲИСОР ЖОЛА НАМЕБОРАД?
1928



Дар ҷамоати деҳоти Шӯроби Искандари шаҳри Ҳисор маросими рунамоиии таҷҳизоти муосири радиолакатсионии зидди жола баргузор гардид, ки барои пешгӯӣ ва пешгирии омилҳои хатарноки метеорологӣ ва ҳимояи зироатҳои кишоварзӣ, боғу роғ ва ангурзорҳо аз селу жола пешбинӣ шудааст.

Дар ин маросим Қоҳир Расулзода, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустам Назарзода, Раиси КҲФ ва дигар роҳбарони вазорату идораҳои ватанию хориҷӣ ширкат доштанд.

Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар дар суханронии худ қайд кард, ки “пешбиние, ки ин таҷҳизот ироа мекунад, натанҳо кормандони хадамоти зидди жола, балки Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” ва дигар вазорату идораҳои дахлдор истифода хоҳанд бурд. Ин ҳама барои ҳифзи ҳам аҳолӣ ва ҳам зироатҳои кишоварзӣ равона шудааст”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД