Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи Модар дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Гулистон аз ҳоли як қатор собиқадорони меҳнат хабар гирифта, онҳоро бо иди бонувон табрик намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд роҳбари вилоят ба дидорбинии собиқадорони меҳнат Биҳоҷал Раҳимова, Сайрам Исоева, Мавҷудахон Назарова, Зуҳро Исмоилова, Наталя Раҳмонова, Матлуба Содиқова, Наима Муъминова, Тавҳидахон Иброҳимова ва дар шаҳри Гулистон Робиямоҳ Ҳомидова, Бароат Юсуфова ва Санавбар Нуруллоева рафта, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом додааст.
- Бонувони собиқадор, ки солҳои зиёд дар соҳаҳои хизмати давлатӣ, маориф, тиб ва фарҳанг фаъолият намудаанд, аз чунин таваҷҷуҳ ва қадрдонӣ изҳори сипос карданд,- меафзояд манбаъ.