Дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон дидбонгоҳҳои фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз намуданд, то дар сурати сар задани ҳодисаҳои нохуш дар ҳавои сарду барфӣ сари вақт ба имдод бирасанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар додааст.
Вазифаи ин дидбонгоҳҳо таъмини бехатарии мусофирон дар роҳҳои кӯҳӣ дар ҳавои номусоид ва дар ҳолати сар задани ҳодисаҳои нохуш фавран ба имдод расидан мебошад.
Дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд чунин дидбонгоҳҳо дар километри 62, дар мавзеи Майхӯра, дар километри 72 дар назди нақби “Истиқлол» ва дар ноҳияи Айнӣ мавҷуданд.
Дар шоҳроҳи Душанбе-Бадахшон бошад, дар километри 457-и роҳи Душанбе-Хоруғ-Ванҷ чунин дидбонгоҳ амал мекунад.
Дар ин дидбонгоҳҳо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ки бо техникаи навтарини наҷотбахшӣ таъмин мебошанд, ба таври шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд ва дар сурати сар задани ҳодисаҳои нохуш фавран ба имдод мерасанд.
Ҳадафи асосии ташкил кардани дидбонгоҳҳо бартараф намудани ҳодисаҳои нохуш, аз қабили фаромадани тарма, сангрезиш ва офатҳои табиии барои ҷони одамон хатарнок мебошад.
Дар сурати сар задани ҳоисаҳои нохуш шумо метавонед фавран ба рақами 112 занг занед ё ба қисми навбатдорӣ бо рақамҳои 223-13-11 ва 93-880-28-19 тамос бигиред.
Гуфта шудааст, ки дидбонгоҳҳо то фарорасии фасли баҳор фаъолият намуда, бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиро ҳаноми фаромадани тарма, барфу яхбандӣ ва ҳавои номусоид таъмин менамоянд.