Arzon march 2024
Депортатсия барои надонистани забони русӣ
855

Россия барои халосӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ қариб ҳар рӯз як қонуни нав қабул мекунад.

Ҳизби либерал-демократи Россия низ аз мавҷи мубориза бар зидди муҳоҷирони меҳнатӣ қафо намонда, лоиҳаи нави қонунро ба Думаи давлатии Россия пешниҳод намудааст, ки ҳадаф аз он аз ҳудуди кишвар депортатсия, яъне ихроҷ намудани муҳоҷирони меҳнатие мебошад, ки забони русиро намедонанд.

Леонид Слутский, пешвои ЛДПР ва яке аз муаллифони лоиҳа мақсади пешниҳоди қонуни навро шарҳ дода, гуфтааст: “Ба кишвари мо бояд танҳо он мутахассисони баландихтисосе оянд, ки дар баробари касбу ҳунар, ҳамчунин заҳмат кашида, забони русиро омӯхтаанд ва таърихи кишвари моро хуб медонанду аз қонунҳои инҷо огоҳӣ доранд. Онҳое, ки забонро намедонанд ва бо сад макру ҳилла сертификати донистани забони русиро ба даст овардаанд, бояд ба таври фаврӣ аз Федератсияи Россия депортатсия карда шаванд. Муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, на аз ҳисоби маблағҳои буҷаи Россия, балки бо пули худашон ё аз ҳисоби буҷети кишвари худашон бояд ба ватанашон фиристода шаванд”.

Ин бори аввал нест, ки масъалаи аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ намудани муҳоҷирони меҳнатие, ки забони русиро намедонанд, дар ин кишвар мавриди баҳсу мунозира қарор мегирад.

Чанде пеш Вазорати маориф ва илми Россия пешниҳод карда буд, ки аз муҳоҷирони меҳнатии сертификати донистани забони русиро дошта имтиҳони такрорӣ гирифта шавад. Имтиҳон ҳам ба таври хаттӣ ва ҳам шифоҳӣ гузаронида шуда, дар сурати бо забони русӣ озодона гап зада натавонитани муҳоҷир патенташ бекор карда шуда, худи муҳоҷир аз қаламрави ин кишвар ихроҷ карда мешавад. Дар ин бора moskvichmag.ru хабар додааст.

Айни замон низ муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз гирифтани патент аз забону адабиёти рус ва таъриху ҳуқуқи Россия имтиҳон месупоранд, вале баъзе мансабдорони рус бар он андешаанд, ки дар аксари ҳолатҳо муҳоҷирони меҳнатӣ забонро намедонанду сертификатро бо роҳҳои ғайриқонунӣ мехаранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД