Бихалича Зоҳидова, сокини ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст. Номбурда яке аз кишоварзони муваффақи шимоли кишвар буда, 7 сол боз ба парвариши қулфинайи навъи “албион” машғул аст.
Зоҳидова дар хона соҳибхоназан, дар мактаб муаллима, дар саҳро кишоварз ва дар бозор соҳибкори муваффақ аст. Ӯ мегӯяд, ки аз соли 1995 инҷониб ба деҳқонӣ машғул аст:
“Ин замин замини буттазору чакалакзору хокзор буд. 28 сол мешавад, ки ман аз ин ҷо санг мечинам ва меҳнат мекунам. Ҳамаи хорҳоро решакан кардаму дарахт шинонидам, ҳоло дар боғам аз шафтолуву себ то зардолуву гелосу нокро пайдо кардан мумкин аст. Шукри Худо, то имрӯз ризқамро бо меҳнати ҳалол меёбам.”
Бихалича бар он назар аст, ки агар меҳнат азобу ранҷ бошад, пас шараф дар пушти он ниҳон аст. Қулфинайи “албион”-ро Бихалича соли 2018 бори аввал дар майдони ҳамагӣ ду сотих кишт карда буд. Дар нахустин қадам эҳсос кард, ки парвариши ин мева ояндадор аст. Қаҳрамони мо дар муддати 7 сол кишти қулфинайро аз ду сотих ба якуним гектор расонидааст.
Дар бозор нархи ин бутамева аз рӯйи мавсим тағйир меёбад. Ҳоло бошад, як сатилча наъви якуми қулфинайро Бихалича 50 сомонӣ дар сари замин ва 60 сомонӣ дар бозор савдо мекунад.
“Қулфинайи маро ҳатто аз Душанбе омада мехаранд. Як сатилча навъи дуюмаш 25 сомонӣ ва навъи сеюми қулфинайро 25 сомонӣ мефурӯшам. Азбаски қулфинай тез-тез ва паи ҳам пухта мерасад, истифода бурдани заҳрдоруҳо барои нобуд кардани ҳашаротҳои зараррасон ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ, парвариши ин маҳсулот каме душвор аст. Аммо новобаста аз ин, кирои заҳматҳоям ҳосил нағз мешавад”,- мегӯяд бо ифтихор Бихалича.
Қаҳрамони “Иродаи зан” дар баробари омӯзгорию кишоварзӣ, ба занҳои бекор низ шароити кор ва маоши хуб фароҳам овардааст. Ӯ 20 зани бекорро дар заминаш ба кор қабул кардааст. Занҳо дар рафти кишту кор ба ӯ кумак расонида, ҳаққи хизмати худро мегиранд. Ба гуфтаи Бихалича, ӯ навъи чоруми маҳсулоташро ба ин занҳо медиҳад, то дар хона ширинӣ омода карда, барои зимистон захира намоянд.
Бихалича Зоҳидова дар баробари киштукор инчунин омӯзгори мактаб низ ҳаст. Ӯ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муддати 39 сол боз фаъолият мекунад ва ифтихор аз он дорад, ки то ба имрӯз 76 шогирдаш дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок кардаанд.
“Дар тӯли 12 соли дар шӯъбаи маориф кор кардану фаъолияти 39- солаи омӯзгориам шогирдони зиёдеро барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ раҳнамоӣ кардаам. Ман зан ва омӯзгори хушбахттарин ҳастам,”-мегӯяд ӯ.
Барои гирифтани ҳосили пурбору шаҳдбор, қабл аз ҳама, доштани таҷриба, меҳнати ҳалолу интихоби дурусти тухмӣ ё навъи маҳсулот муҳим аст. Маҳз бо шарофати доштани чунин таҷрибаҳо қаҳрамони мо дар самти фаъолияти худ муваффақ шудааст.
Бихалича Зоҳидова ният дорад, ки бо зиёд кардани майдони қулфинайи худ, дар оянда содироти онро ба хориҷ низ роҳандозӣ намояд.