Кишоварзони хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Сангвор то имрӯз зиёда 2430 тонна ғалладона, 384 тонна сабзавот, 27 тонна зағир ва 11 ҳазору 520 тонна картошка ҷамъоварӣ намудаанд.
Имсол картошкапарварони ноҳия дар заминҳои хаҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар 800 гектар картошка кишт намудаанд. Деҳқонон кӯшиш доранд, ки ҳосилро беталаф ҷамъоварӣ намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузоранд. Барои сари вақт ҷамъоварӣ кардани ҳосили картошка ситоди ноҳиявӣ таъсис ёфта, зиёда аз 50 техника ва механизми кишоварзӣ барои кандану ҷамъоварии картошка дар ҷамоатҳои деҳот фаъол аст.
Мувофиқи маълумоти шуъбаи кишоварзии ноҳияи Сангвор, дар сохтори кишоварзӣ дар 330 гектар зироати ғалладонагӣ, 83 гектар сабзавот, 24 гектар зироати техникӣ, 67 гектар лӯбиёгиҳо ва дар 10 гектар хӯроки чорво кишт карда шудааст. То имрӯз майдони умумии кишти ин зироат пурра ҷамъоварӣ гардидааст.