Sebiston new 2024 october
Денизро аз Туркия бадарға намуданд?
2158

 

Даричаи ошноӣ:

Ном: Дениз Чақир

Соли таваллуд: 31-декабри соли 1982

Мучалаш: Далв

Зодгоҳаш: Анқара

Фаъолияташ: актриса

Вазн: 58 кг

Қад: 176 см

Дурахши ситораи ҳунар

Дениз Чақир-яке аз актрисаҳои машҳуртарин дар Туркияи муосир ба шумор меравад. Ӯро дар тамоми гӯшаву канори Аврупо мешиносанд ва дӯст медоранд. Нақшҳои хотирмони офаридааш Дениз Чақирро азизи дили оламиён гардонидаанд. Мардуми кишварҳои собиқ Шӯравӣ ин бонуи зеборо тавассути филми бисёрсериягии “Асри олиҷаноб” (Великолепний век) шинохтанд. Имрӯзҳо Дениз дар саросари қаламрави кишварҳои муштаракулманофеъ, хоса дар Тоҷикистони мо мухлисони бешумор дорад ва бо хоҳиши ана ҳамин дилбохтагони ҳунараш мо ба сомонаҳои гуногун сар халонда, дар хусуси асрори зиндагии пасипардагии ин ҳунарманд маълумотҳои бисёр аҷиб пайдо намудем.

Бойдухтари хоксор

Оилаи Дениз Чақир яке аз хонаводаҳои сарватманди Туркия ба шумор меравад. Онҳо дар шаҳри зебои Анқара зиндагӣ мекунанд. Денизи нозанин бойдухтар ва шуҳратманд бошад ҳам, ҳеҷ гоҳ худро аз дигарон боло намегирад, чунки волидонаш ӯро чунин тарбият намудаанд. Аҳли ин хонаводаро хоксорию инсондӯстиашон азизи дили мардум гардонидааст.

Шавқ, агар раҳбар шавад...

Дениз аз замони мактабхониаш ба санъат, хоса ба ҳунари актёрӣ шавқу рағбати зиёд дошт. Дар маҳфилҳои мактабӣ нақшҳои ҳаҷвӣ офарида, ҳамсинфонашро механдонду ҳунари худро месанҷид. Билохира ҳамин дилбастагӣ тақдири ӯро бо театру кино пайваст, вале то расидан ба қуллаи ҳунар вай таззодҳои зиндагиро паси сар намуд. Волидонаш намехостанд Дениз актриса шавад, аз ин хотир пас аз хатми мактаб ин духтараки ташнаи ҳунар ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи журналистика супурд. Дипломи дуюмаш аз он шаҳодат медод, ки Дениз Чақир ҳуқуқшиносӣ касбӣ аст, вале меҳри санъат ҳамоно ӯро мисли оҳанрабо ба сӯйи худ мекашид. Билохира ин кашиш ӯро ба Консерватория овард. Нозукиҳои санъати мусиқиро дар ин даргоҳи ҳунар аз худ намуда, баъдан Денизи чусту чолок таҳсилашро дар Донишкадаи давлатии санъати театрӣ давом дод. Замони донишҷӯӣ дар роликҳои кӯтоҳмуддат нақш бозида ном баровард. Акнун волидонаш симои зебои Денизро аз экрани телевизор дида фахр мекарданд, ки чунин духтари нозанини ҳунарманд доранд.  

      Журналист ё актриса?

Чусту чолокӣ ва садои форами Денизро дида маъмурони садову симо ӯро ба радио ба кор даъват намуданд. Дар як муддати кӯтоҳ Дениз радиоро ба минбари озод табдил дода, чунон ҳамроҳи шунавандагон ҳазлу шӯхӣ мекард, ки гумон мекардӣ солҳо боз онҳоро мешиносад. Акнун дар забони мухлисони радио танҳо номи Дениз Чақир буд, мехостанд ҳама барномаҳоро ин духтараки ширинзабон бибарад. Ширкатҳои бонуфузтарин шуҳрату маҳбубияти ин ровии ҷавонро дар байни мардум дида, пули калон пешниҳод менамуданд, то рекламаи молу маҳсулоташон маҳз бо овози Дениз Чақир садо диҳад. Акнун аз чор тараф ба сари Дениз борони пешниҳодҳои аҷиб меборид. Яке ӯро ба телевизион таклиф менамуду дуюмӣ ба кино, саввумӣ хоҳиш менамуд, ки дар чорабинии идонаи идораашон барандагӣ кунад.

Навмед набояд шудан аз гардиши айём...

Нақши аввалини дар кино бозидаи Дениз Чақир ба тамошобинон писанд наомада бошад ҳам, актриса аз ин дилшикаста нашуд. Дили вай аз ҳунараш пур буд ва медонист, ки дер ё зуд ба чӣ қодир будани худро исбот мекунад. Соли 2005 Денизро якбора ба ду филм даъват намуданд. Филми аввал «Байни ду ошиқ» ном дошту филми дуюм «Боз аз ман» ва Дениз Чақир тавонист ду нақши ба ҳамдигар мухолифро бо маҳорати олӣ офарида дар ҳарду филм комёб гардад. Дар силсилафилми “Хазонрез” (Листопад) ба Дениз Чақир нақши дуюмдараҷаро доданд, вале ин зебосанами ҳунарманд тавонист онро ба нақши марказӣ табдил дода, исбот созад, ки нақш актёрро не, актёр персонажи офаридаашро машҳур месозад. Образи дуюминдараҷаи офаридааш дар “Хазонрез” Денизро ба қатори машҳуртарин ситораҳои ҷаҳон ворид намуд. Акнун Денизи фариштарӯ дар кӯчаҳои шаҳр оромона сайругашт карда наметавонист. Хурду калон ӯро мешинохтанд ва сари роҳашро дошта, зориву тавалло менамуданд, ки ҳамроҳашон акс бигирад. Кинорежиссёрҳо бошанд, ба ҷону ҳолаш намонда ӯро ба филмҳои нав ба нав даъват мекарданд. Дениз дар зери борони сенария монда, намедонист кадомашро интихоб намояд.

                 Оқипадар

Соли 2009-2010 Дениз Чақир дар ду филми гуногун нақш бозида аз тарафи тамошобинон баҳои баланд гирифт. Яке аз ин филмҳои тақдирсоз “Иффет” буд, ки нуфузи Денизро ҳамчун бонуи зебо ва ҳунарманди нотакрор баланд бардошт. Маҷаллаи бонуфузи «Forbes» пас аз ин филм Денизро зеботарин духтари Туркиё эълон намуд.

“Иффет” бисёр филми пурсӯзу гудоз аст. Ин нақшро Дениз чунон пурсӯзу гудоз офаридааст, ки ягон тамошобин филмро бе оби дида тамошо карда наметавонад. Иффет ва Ҷалил ҳамдигарро дӯст медоранд, вале Александр ном марди калонсоли сарватманд ба волидонаш пули калон дода, Иффети нозанинро ба занӣ мегирад. Ҷалили ошиқ ба хотири интиқом гирифтан аз Александр ронандаи ин бойи пулмаст мешавад ва билохира аз рашк хӯҷаинашро мекушад. Падари ҷоҳили Иффет баъди марди домоди пираш низ ба издивоҷи духтараш бо Ҷалил розигӣ намедиҳад. Духтари ҷасур бар зидди падараш баромада, то охир барои ишқаш мубориза мебарад. Ошиқон аз волидонашон пинҳонӣ тӯй мекунанд. Падари сангдили Иффет ин хабарро шунида аз духтари ягонааш рӯй мегардонад ва Иффети бечораро оқ мекунад.

Қуллаи шуҳрат

Айни замон Денизи фариштарӯй дар қисми 4-уми силсилафилми «Великолепный век» нақш бозида истодааст. Зебосанам дар ин филм нақши Соҳибсултон, апаи калонии Сулаймон ва яке аз бонувони шуҳратманди кишварро меофарад. Дар сериал машҳуртарин актрисаҳои Туркия аз қабили Марям Узерлӣ, Хомид Эраган ва Селма Эрган нақш бозанд ҳам, нақши офаридаи Чақир ҷозибаи хоса дорад ва аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Дениз дар байни дигар ситораҳо офтоби тобон аст. Ногуфта намонад, ки ҳар як филми Дениз Чеқир аз 200 қисм зиёдтар буда, камаш ба миқдори 500 ҳазор нусха ба фурӯш меравад. Чунин муваффақиятро аксари актрисаҳо дар хоби шабашон ҳам намебинанд.

Дениз дар зиндон?!

Зиндагии ин бонуи шуҳратёр ҳамеша дар маркази диққати мухлисон қарор дошт ва дорад, аз ин рӯ овозаҳо вирди номаш хеле зиёданд. Яке мегӯяд, ки Денизро барои нақши фаҳишаро бозиданаш аз Туркия бадарға кардаанд, дигарӣ иддао мекунад, ки зебосанам дар зиндон аст. Дениз аз ин ҳама сару садоҳо ҷонбезор шуда бо журналистон гуфтугӯи ошкоро барпо намудааст. Чақир дар мусоҳибааш таъкид намудааст:

-Маро на касе зиндон кардаасту на бадарға, озоду осудаю хушбахтам!

Дениз тӯйи арӯси дорад?

Дениз бо Фират Дороуғлу муносибати ошиқона дошт, вале занбоз будани ошиқашро фаҳмида аз вай рӯй гардонд. Одатан шикасти ишқ бонувонро дилшикаста ва аз зиндагӣ навмед месозад, вале Дениз аз зумраи хонумҳои сустирода нест. Вай бар рағми Фирати хиёнаткор ба зудӣ марди аз ӯ болотарро пайдо кард. Ошиқи нави зебосанами шуҳратёр ҳунарпешаи машҳур Иброҳим Челиковел аст. Нозанин ин дафъа дар интихоби бахт хато накардааст ва рӯзҳои наздик тӯйи арӯсии ин ду дилдода бо шаҳомати хоса барпо мешавад. Мо ба Дениз Чақир бахти сафед ва фатҳи қуллаҳои нав ба нави ҳунарро таманно менамоем!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД