Arzon march 2024
Демет Оздемир- як гулу сад харидор
1776

 

Ё чаро ин зебосанами турк кавалерҳояшро мисли дастпӯшак тез-тез иваз мекунад?

Ному насаб: Демет Оздемир.
Санаи таваллуд: 26-уми феврали 1992.

Макони таваллуд: Коҷаел, Туркия.
Мучал: Ҳут.
Қад: 170.
Касб: Ҳунарпеша.
Дар паноҳи модар

Демет Оздемир 26-уми феврали соли 1992 дар шаҳри Коҷаели Туркия ба дунё омадааст.

Демет бо апааш Дарё ва акааш Волкан бачагии хушбахтона доштанд, вале баъдтар аз байни волидонаш гурбаи сиёҳи рашку хиёнат гузашту онҳо аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Модараш пас аз талоқ кӯдаконро бо худ гирифта ба пойтахт кӯчид, падараш бошад дар Коҷаели монда, бо зани дигар хонадор шуд. Аввалҳо дурӣ аз падар дили кӯчаки Демет ва хоҳару бародарашро ба дард оварда, чашмони интизорашонро аз дар намеканданд, вале баъд ба тақдири талхашон тан дода ба набудани падар дар ҳаёташон одат намуданд…

Рақси парвонаи зарринбол

Барои он ки дар хона зиқ нашавад, модараш Деметро ба мактаби кӯдаконаи рақс бурд. Ин духтараки хурдакак ба зудӣ нозукиҳои рақсро омӯхта, раққосаи моҳир гашт. Рақси Демет рақси парвонаи зарринболро ба ёд меовард, ҳамин буд, ки ҳунармандони машҳури турк ба ин раққосаи хурдакак таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар клипи ситораи №1-и турк Мустафо Сандал рақс карда, Демет чунон машҳур гашт, ки ногуфтанӣ…

Зебоӣ-манбаи даромад

Пас аз хатми мактаб Демет ба студияи театрии Шакиха Теканд дохил шуда, 2 сол таҳсил кард, вале гавҳари дурахшони ҳуснаш аз чашми заршиноси тоҷирони зебоӣ пинҳон намонд. Ин парии нозанинро, ки табассуми дилфиребе дошт, намояндагони тиҷорати мӯд таги чашм карда, ба ҳамкорӣ даъват намуданд. Демет чанд муддат ба ҳайси модел маҳсулоти ширкатҳои пешрафтаро тарғиб карда, пули калон ба даст меовард, аммо баъд ишқи синамо мисли оҳанрабо ин нозанини пурҳунарро ба сӯйи худ кашид…


Сеҳру ҷоду дар ҳақиқат ба саломатию ҳаёти инсон таъсир мерасонад.Ҷодушуда будани шахсро аз рӯйи ин нишонаҳо фаҳмидан мумкин аст:

 


5 нақши муваффақи Демет

Фаъолияти ҳунарпешагии Демет чандон тӯлонӣ нест. Дар синамо вай ҳамагӣ дар 5 филм нақш офаридааст, аммо ҳамин панҷ образ кофӣ буд, ки ҳамчун ҳунарпеша шинохта гашта, маҳбубият ба даст оварад. Соли 2013 Демет Оздемир дар филми “Ман бароят роз мекушоям”яке аз нақшҳои асосиро бозид. Филми мазкур дар жанри фантастикӣ ба навор гирифта шудааст, ки барои синамои турк чизи муқаррарӣ нест. Филм дар бораи модаре нақл мекунад, ки духтарашро гум кардаасту барои пайдо кардани ҷигаргӯшааш сарашро ба сад дар зада, ҳатто ба ғайбдонҳо муроҷиат менамояд. Ин филми ҷолиб тамошобинони зиёд пайдо карда бошад ҳам, шуҳрати асосиро ба Демет Оздемир сериали “Бӯйи қулфинай” овард. Филми мазкур соли 2015 ба навор гирифта шуда, нақшҳои асосиро Демет Оздемир ва Юсуф Чим бозидаанд. “Бӯйи қулфинай” дар бораи қиссаи ишқи пазандаи ҷавон Асла (Демет)  ва соҳибкори сарватманд Бурак нақл мекунад, ки дар оғоз ба ҳамдигар нафрат доранд, вале бо мурури замон нафраташон ба муҳаббати бузург табдил меёбад. “Бӯйи қулфинай” на танҳо дар Туркия , балки дар дигар давлатҳо, аз ҷумла дар кишварҳои пасошӯравӣ низ маҳбубияти хоса пайдо кардааст. Дар Тоҷикистони мо ҳаводорони ин сериал хеле зиёд буда, мардум қисмҳои нав ба нави филмро бо беқарорӣ интизорӣ мекашанд, то аз тақдири минбаъдаи қаҳрамонҳояш огоҳ шаванд.

Хиёнати Юсуфи бевафо

Ҳангоми банаворгирии филми “Бӯйи қулфинай” дар назди камера якдигарро бӯсидаю изҳори муҳаббат намуда, Демет ва ҳамбозиаш Юсуф Чим чунон ба образ даромаданд, ки дар ҳақиқат ба ҳамдигар ошиқи зор шуданд. Соли 2016 дар рассонаҳо хабари ба наздикӣ туйи арӯсӣ барпо намудани ин ҷуфти ситораҳои синамо пайдо шуд. Мухлисон интизор буданд, ки кай Демети нозанин бо куртаи сафеди арӯсӣ ва табассуми хушбахтона ангуштарини никоҳиашро ба онҳо нишон медиҳад, вале овозаҳо ба ҳақиқат табдил наёфтанд. Девори қасри ишқи Демет ва Юсуфро тири сӯзони хиёнат сӯрох карда, боиси ҷудоии ошиқон гашт. Юсуф ба Демет бевафоӣ намуда, домони ҳунарпешаи ҷавон Гиземро дошт. Юсуф ва Гизем дар сериали “Шоҳбонуи қишлоқӣ” бо ҳамдигар нақш мебозиданд ва ҷавони булҳавас аҳду паймони бо Демет доштаашро фаромӯш карда, ба оғӯши ин духтари ҷавон даромад. Демет аз бевафоии ошиқаш сахт ба ғазаб омада, қарор дод, ки аз тамоми мардон интиқом мегирад…

Зебосанаме, ки ҳар рӯз ошиқ мешавад


Демет тамоми аксҳои ҳамроҳи Юсуф гирифтаашро аз саҳифаи  инстаграммаш пок карда, барқасди ошиқи хиёнаткораш бо Фуркан Папали, ки он замон ҳамроҳаш дар филми “Комедия 300” нақш мебозид, муносибатҳои ошиқонаро оғоз намуд. Дар филми мазкур Демет нақши духтареро мебозад, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз тӯй аз хиёнати домодшаванда огаҳӣ ёфта ба ҳолати яъсу навмедӣ меафтад. Модараш ӯро маҷбуран ба шиносоӣ бо писари як дӯсти оилавиашон мефиристонад. Дар тарабхона бо амри тасодуф ӯ мизи нишастро хато карда, бо Онури шинос мешавад. Шиносоии онҳо иштибоҳан сурат гирифта бошад ҳам, байни ҷавонон аз дидори аввал шуълаи ишқ оташак мезанад…

Фуркан Папали дар ин филм дили Деметро ба даст оварда бошад ҳам, натавонист то охир ин кабки сурро ром кунад. Пас аз чанд муддат Демет худаш аз баҳри Фуркан гузашта, бо ҷавони дигаре аҳди муҳаббат баст, аммо ошиқи наваш ҳам ба вай нафориду баъди чанде кафшҳояшро пеши пояш гузошт. Ин зебосанам ошиқонашро мисли дастпӯшак тез-тез иваз карда, бо ҳамин роҳ аз ошиқи аввалинаш Юсуф интиқом мегирад. Бевафоии Юсуф Деметро дар муносибат бо мардҳо бераҳм гардонидааст, вале мухлисонаш умед доранд, ки ниҳоят ягон марди асил пайдо шуда, дили ранҷидаи ин париро аз нав ба ишқи пок гарм месозад ва ҳамроҳаш қасри бахт бунёд менамояд…

3-сири ситора

Соли 2017 Демет бо фирмаи косметикии «Garnier Turkey»  шартнома баст ва акнун Оздемир чеҳраи расмии  ширкати мазкур мебошад. Ҳунарпеша ба корҳои хайриявӣ низ машғул аст.Аз рӯйи рейтинги агентии «Somera»  аз 15 майи соли 2017 Демет Оздемир дар рӯйхати 5 актрисаи беҳтарини турк, ки дар силсилафилмҳо нақш офаридаанд, ҷойи 4 –ро ишғол мекунад.

“Рақси ишқ” бахт меорад?

Айни ҳол дар киностудияи ВКМ омодагиҳо баҳри банаворгирии филми нави ошиқона, ки “Рақси ишқ” ном дорад, рафта истодааст. Дар филми мазкур Демет нақш раққосаро мебозад. Офаридани чунин нақш орзуи деринаи ӯ буд. Ҳамкасбонаш миш-миш карда истодаанд, ки ин филм ниҳоят дари бахти Демедро мекушояд ва ӯ аз аспи ғурур фаромада, дилашро рӯйи кафи шоҳзодаи орзуҳояш мегузорад, аммо ин овозаҳо ба ҳақиқат табдил меёбанд ё не, инро танҳо вақт нишон медиҳад…

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД