"Дар донишгоҳи мо зиёда аз 800 донишҷӯи хориҷӣ, аз ҷумла, аз кишварҳои Узбекистон Туркманистон, Афғонистон, Туркия, Эрон ва Русия таҳсил мекунанд, ки қисми зиёдашон аз Узбекистон мебошанд. Ҳамаи ихтисосҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мавриди таваҷуҳи донишҷӯёни хориҷӣ қарор доранд. Тақрибан 15 фоизи шаҳрвандони хориҷии донишгоҳро духтарон ташкил медиҳанд", - гуфт Давлатзода Қамар, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ зимни нишасти хабарии имрӯз.
Номбурда иброз дошт, ки мутахаасисонашон ба бозори меҳнат ҷавобгӯ ҳастанд. Ин суханҳои худро бо он асосонок намуд, ки аз ҷониби Русия барои тасдиқи дипломҳои донишгоҳи онҳо дархост зиёд ворид мешавад.
Ба таъкиди ректор, дар донишгоҳ 12 донишҷӯ идрорпулии ба номи Осимӣ мегиранд, ки 450 сомонӣ муқаррар шудааст. Ҳамчунин, 7 нафар идрорпулии президентӣ ва 6 нафари дигар идрорпулии Раиси шаҳри Душанбе мегиранд.
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон соли дуюм аст, ки мавқеи худро мустаҳкам нигоҳ доштааст. Аз рӯи раддабандӣ дар Тоҷикистон дар мавқехҳои боло меистад.