Имрӯз, 30-юми октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз гардид.
Дар маросими расмии оғози озмун Матлубахон Сатториён - раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, муовини Сарвазири кишвар, Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм ва муовинони он, аъзоёни комиссия, ректорон сардорон ва мудирони раёсату шуъбаҳои маориф ва омӯзгорону иштирокчиён ширкат намуданд.
Муовини раиси комиссияи озмун, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз дошт, ки соли панҷум аст, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад.
Сипас раиси комиссияи озмун, муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ҳозиринро ба муносибати панҷсолагии озмун табрик гуфта, баргузории озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"-ро намунаи боризи фарҳанги китобдӯст будани мардуми тоҷик унвон кард.
Матлубхон Сатториён таъкид намуд, ки сол то сол зиёд шудани шумораи иштирокчиён ва афзудани маблағгузории озмун далели дар миёни ҷомеа маҳбубияти зиёд касб кардани озмун аст.
Ёдрас мешавем, ки имсол ба даври чоруми озмун 528 нафар роҳ ёфтаанд ва шумораи иштирокчиён нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.
Озмун то 15 ноябри соли равон давом ёфта, барои иштирокчиён барномаҳои гуногуни фарҳангӣ пешбинӣ гардидааст.