Шуруъ аз 29-уми октябр дар Маркази миллии тестии ҷумҳурӣ даври 4-уми бақайдгирии довталабон барои қабул ба шуъбаҳои ғоибона ва фосилавии донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар оғоз ёфт.
Тавре Маркази миллиии тестӣ эълон намудааст, маъракаи номнавис кардани довталабон ба шуъбаҳои ғоибона ва фосилавии донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар як моҳ - аз 20-уми октябр то 28-уми ноябр идома хоҳад ёфт.
Дар давраи чоруми бақайдгирӣ ба довталабон ҷойҳои холимонда аз рӯйи шаклҳои ғоибона ва фосилавӣ пешниҳод карда мешаванд.
Имтиҳони қисми А барои ҳама ихтисосҳо рӯзи 7-уми декабр баргузор гашта, қисми В, яъне ихтисосҳое, ки имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро металабанд, каме пештар, рӯзҳои 5-6-уми декабр ба нақша гирифта шудааст.
Киҳо метавонанд дар даври 4-ум иштирок намоянд?
Дар давраи чоруми бақайдгирӣ шахсони зерин ҳуқуқи сабти ном ва дар имтиҳонҳои дохилшавӣ иштирок карданро доранд:
- шахсоне, ки боре ҳам худро дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ сабти ном накардаанд;
- довталабоне, ки дар давраҳои як, ду ва сеюми бақайдгирӣ номнавис шуда, аммо дар имтиҳонҳо иштирок накардаанд;
- довталабоне, ки дар яке аз даврҳои имтиҳонҳо иштирок карда, ба озмун роҳ наёфтаанд, яъне аз як ё якчанд субтест холи гузаришро соҳиб нашудаанд;
- довталабоне, ки дар асоси тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагии даврҳои якум, дуюм ва ё сеюм комёб шудаанд, аммо барои қабул дар донишгоҳу донишкадаи дахлдор ҳозир нашудаанд;
- довталабоне, ки дар асоси тақсимоти асосӣ ва такрории ҳамаи даврҳо аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб комёб шудаанд, вале бо сабаби гирифториашон ба бемориҳое, ки ҳуқуқи таҳсил дар мактабҳои олии тиббӣ намедиҳад, қабул нашудаанд.
Нуқтаҳои бақайдгирӣ
Хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ, ки дар биноҳои бахшҳои минтақавии Маркази миллии тестӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотуни Данғара ва бахши минтақавии ММТ дар Рашт амал менамоянд, худро сабти ном карда метавонанд.
Довталабон рӯзҳои 5, 6 ва 7-уми декабр дар ҳамин нуқтаҳо имтиҳон месупоранд.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ
Довталаби даври чоруми бақайдгирӣ бо рӯйхати ҳуҷҷатҳои зерин бояд ба яке аз нуқтаҳои дар боло зикршуда ҳозир шавад:
1. Шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он. Барои шахсони то 16-сола шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо.
2. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот.
3. Шаҳодатнома (аттестат) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он (барои онҳое, ки синфи 11-умро хатм кардаанд).
4. Расид (квитансия)-и пардохти маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД тавассути “Амонатбонк” ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл”, инчунин “Бонки Эсхата” ва барномаи мобилии “Эсхата онлайн”.
5. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар мавҷуд бошад).
Довталабони ин давр низ имкон доранд то 12 ихтисоси писанди худро аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб намоянд.
Арзиши бақайдгирӣ барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 370 сомонӣ аст. Агар довталаб баъди сабтином хоҳиши иваз кардани интихоби аввалаашро дошта бошад, имкон дорад то 28-уми ноябр, яъне анҷоми давраи сабтином интихобашро иваз кунад. Барои ин довталаб бояд 30 сомонии дигар пардохт намуда, ба нуқтае муроҷиат кунад, ки худро сабтином кардааст.