35 years of independency
Даври ҷамъбастии озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» оғоз гардид
14.10.2026
Oila.tj
93

Имрӯз, 14-уми октябр даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» оғоз гардида, то 22-юми октябри соли 2026 идома меёбад. Дар ин марҳалаи озмун 581 довталаб аз рӯйи номинатсияҳои гуногун барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ рақобат мекунанд.

Тавре сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов иттилоъ додааст, даври ҷамъбастии озмун дар се муассисаи фарҳангиву ҳунарии пойтахт - Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Довталабон маҳорати худро аз рӯйи номинатсияҳои оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн муаррифӣ менамоянд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» соли ҳаштум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад. Ҳадафи он кашф ва дастгирии истеъдодҳои нав, рушди санъати мусиқӣ ва тасвирӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии ҳунармандон, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии фарҳангу арзишҳои миллии тоҷикон мебошад.

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон ва барномаи фарҳангӣ бо иштироки беҳтарин иштирокдорони озмун 23-юми октябри соли 2026 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД