gazprom august 2025
Даври 3-юми бақайдгирии довталабон барои дохил шудан ба донишгоҳҳои олӣ оғоз ёфт
126

Ҷавонписарон ва ҷавондухтароне, ки орзуи дар донишкадаҳои олӣ таҳсил намудан ва аз худ кардани касбу ҳунарро доранд, вале ба ин мақсади худ нарасидаанд, имкон доранд бори дигар бахташонро санҷида, дар даври сеюми бақайдгирии довлатабон барои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ иштирок намоянд.

Тавре Маркази миллии тестӣ хабар додааст, сатби ном барои марҳилаи сеюми имтиҳоноти марказонидашудаи тестӣ аз 2-юми сентябр оғоз ёфта, то 13-уми сентябр идома меёбад.

Бақайдгирӣ дар 11 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Рашт, инчунин дар пойтахт дар ноҳияҳои И. Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ҷараён мегирад. Дар ноҳияҳои номбурда нуқтаҳои қабули ҳуҷҷатҳо мавҷуданд.

Дар марҳилаи сеюми бақайдгирӣ шахсони зерин метавонанд иштирок намоянд:

- довталабоне, ки дар марҳилаҳои якум ва дуюм худро ба қайд нагирифтаанд;

- қаблан ба қайд гирифта шуда, вале ба имтиҳонҳо ҳозир нашудаанд;

- иштирокчиёне, ки дар камтар аз як зертест холҳои гузаришро нагирифтаанд;

- довталабоне, ки аз озмун гузашта, ба муассисаи таълимӣ ҳозир нашудаанд;

- шахсоне, ки ба ихтисосҳои тиббӣ дохил шуда буданд, вале бинобар вазъи саломатиашон ба талабот ҷавобгӯ набудан қабул карда нашудаанд.

Имтиҳон рӯзи 21-уми сентябр баргузор гашта, натиҷаҳои он 29-уми сентябр эълон карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД