Sebiston new 2024 october
Даври 3 озмун сар мешавад
491


Рӯзи 24 –уми ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ шуруъ мешавад.

Аз 24 то 28-уми ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” доир мегардад. Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон рӯзи 1-уми декабр баргузор хоҳад гашт.

Тавре Вазорати маориф ва илм хабар дод, озмун 24-уми ноябр оғоз гардида, дар он аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 нафар, вилояти Хатлон 24 нафар, вилояти Суғд 24 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 24 нафар ва шаҳри Душанбе 24 нафар, дар маҷмуъ 115 нафар иштирок менамоянд.

Мақсад аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгон, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, мебошад.

Озмуни мазкур соли якум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гашта, ҳадафи он дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон мебошад.

Ёдрас мешавем, ки дар даври якуми озмун 140 ҳазору 787 нафар, дар даври дуюм 16 ҳазору 994 нафар ва дар даври сеюми озмун 1605 нафар ширкат намуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД