Дар масъалае мехоҳам ҳуқуқшиносон равшанӣ андозанд, ки ба вақту соати корӣ дар кишвари мо рабт дорад. Мегуфтед, ки давомнокии вақти кории муътадил аз давомнокии вақти кории кутоҳ чанд соат фарқ мекунад?
Р.Ш.
Масъалаи давомнокии вақти кории муътадил ва кӯтоҳ дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд. Тибқи моддаи 67 кодекси мазкур давомнокии муътадили вақти корӣ дар ташкилотҳо дар як ҳафта набояд аз 40 соат зиёд бошад.
Барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон бо назардошти синну сол, вазъи саломатӣ, шароити меҳнат, хусусияти уҳдадории меҳнатии онҳо ва дигар ҳолатҳо бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартҳои шартномаи меҳнатӣ давомнокии кӯтоҳкардашудаи вақти корӣ бе кам кардани музди меҳнат муқаррар карда мешавад.
Давомнокии вақти кории кӯтоҳкардашуда ба шахсони зерин муқаррар карда мешавад:
- кормандоне, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидаанд- аз 14 то 16-сола на зиёда аз 24 соат, аз 16 то 18- сола на зиёда аз 35 соат.
- занон ва дигар шахсоне, ки уҳдадориҳои оилавӣ доранд- реҷаи вақти рӯзи нопурраи корӣ ё ҳафтаи нопурраи корӣ муқаррар карда мешавад.
- кормандони маъюб (гурӯҳи 1 ва 2) – на зиёда аз 36 соат.
- кормандоне, ки бо корҳои шароити меҳнаташ зарарнок машғуланд ё хусусияти махсуси кор доранд – на зиёда аз 35 соат.
(моддаҳои 69, 70, 211, 219, 236 ва 260 Кодекси меҳнати ҶТ)
Фарқи вақти муътадии корӣ аз вақти кӯтоҳкардашуда вобаста ба ҳолатҳои алоҳида муайян карда мешавад. Дар боло маълумот ба тариқи иқтибос аз Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.