Доналд Трамп, президенти ИМА иддао намудааст, ки фазои Эрон зери назорати қатъии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дорад.
Тавре расонаҳои хориҷӣ навиштаанд, Эрон ба базаҳои ҳарбии Амрико дар Шарқи Наздик зарбаҳои ҷавобӣ мезанад, агар ИМА ба моҷарои Эрон ва Исроил бевосита дахолат намояд.
Трамп дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навиштааст, ки ИМА фазои ҳавоии Эронро пурра зери назорати худ гирифтааст. “Сабри мо ба охир расида истодааст”,- таҳдидомез навиштааст президенти Амрико.
Бино ба маълумоти Fox News, ИМА ҳузури худро дар минтақа пурқувват намуда, муҳлати ҷойгиршавии неруҳои ҳарбиашро дароз кардааст ва мехоҳад ба марказҳои коркарди уран дар Эрон зарба занад.
Дар ҳамин ҳол, сардори штаби генералии Эрон Абдулраҳим Мӯсавӣ аз сокинони пойтахти Исроил хоҳиш кардааст, ки шаҳрро тарк намоянд, зеро зарбаҳои қаблӣ як огоҳӣ буданд ва мушакборони шадиду амалиётҳои ҳақиқии ҷангӣ акнун оғоз меёбанд.