Мо барои ҳавасмандкунии коргарон ва баланд бардоштани маоши онҳо корҳои заруриро анҷом дода истодаем. Агар дар Вазорати милеаратсия 11 ҳазор коргар бошад, дар мо 6 ҳазор коргар аст, ки алакай 50 фоизи коргарони мо ба дигар коргоҳҳо рафтанд. Ин масъала масъалаи бениҳоят муҳим аст ва онро корбарӣ мекунем ва мутахассисони соҳаи обро ҷалб менамоем.
Ин нуқтаро Зафарбек Давлатзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҶТ дар нишасти хабарии имрӯза қайд намуд.
Ӯ дар ин маврид қайд кард, ки мо ҳарсол 50-60 нафар хатмкардаҳои донишгоҳҳоро ба кор қабул мекунем, аз ҳисоби онки музди меҳнати миёнаи мо 731 сомонӣ мебошад, аз кор мераванд.
Системаи билингӣ яке аз масъалаиҳои калидии ин нишаст буд, ки дар бораи паҳлуҳои он саволу ҷавоб миёни коргарони агентӣ ва рӯзноманигорон баргузор шуд. Системаи билингӣ дар ин самт ҷорӣ шудааст ва тамоми пардохтҳо тавассути ин система сурат мегирад, ки қабули маблағҳо аз маркази агентии замин танзим карда мешавад.
“Тибқи фармони Президенти кишвар, тамоми Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ омодагӣ гирифта истодаанд ва дар агентӣ ҳам дар ин самт корҳо бо маром идома доранд, “ гуфт Тошаев, намояндаи ин ниҳод.
Дар нишаст баррасии лоиҳаҳое, ки дар самти обёрӣ ва беҳдошти иқлим иқлим ҳам шуд ва яке аз он Лоиҳаи “Тағйирёбии иқлим” буд, ки дар ноҳияҳои Ёвон, Хуросон ва А. Ҷомӣ равона гардида, ки самти фаъолияташ барқарорсозии каналҳо ва тоза намдуани заҳбуру заҳкашҳо мебошад.
"Дар сатҳи кишвар зиёда аз панҷ ҳазор ҷоҳҳои амудӣ ҷойгир шудааст, ки аз ин шумора 505 ададаш дар мувозинаи Агентӣ қарор дорад. Яке аз мушкилиҳои ҷиддӣ дар аввали имсол дар минтақаи Б. Ғафуров ин буд, ки ба канали Хоҷабақирғони ноҳияи Бобоҷон Ғаффорови вилояти Суғд, ки аз ҷониби Қирғистон об ҷорӣ мешавад, як моҳ аз вақти муайяншуда дер омад ва бо ин сабаб дар тақрибан 4000 гектар замин аз об танқисӣ кашиданд", гуфт Давлатзода.
Хароҷоти хосаи нерӯи барқ барои баровардани 1 метр мукааб об дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 0, 281 кВт/соатро ташкил медиҳад.