goodwell
Давлатов ва Исоқҷонов беҳтаринҳои моҳи апрел дар Лигаи олӣ эълон шуданд
01.05.2026
Oila.tj
47

Сармураббии дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе Файз Давлатов ва ҳамлагари ӯзбек Исломбек Исоқҷонов дар Чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои Лигаи олӣ беҳтарин мураббӣ ва беҳтарин бозигари моҳи апрел дониста шуданд.

Тавре ТВ “Варзиш” бо истинод ба Лигаи футболи Тоҷикистон хабар дод, моҳи апрел нимҳимоятгари КМВА Исломбек Исоқҷонов се гол зада, айни замон аз зумраи нишонзанҳои беҳтарини чемпионати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон КМВА моҳи апрел бо роҳбарии Файз Давлатов чор бозӣ анҷом дода, дар ҳамааш пирӯзӣ ба даст овардааст. Онҳо дар сафар «Вахш» (1:0), «Эсхата» (2:0) ва «Равшан» (1:0)-ро мағлуб намуда, дар хона бар «Барқчӣ» (2:1) зафар ёфтанд.

Ёдовар мешавем, ки барои ҷоизаҳо беҳтарин бозигар ва беҳтарин мураббии моҳи апрел дар Чемпионати Тоҷикистон-2026 аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон бо 3000 сомонӣ мукофотонида мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД