Commerc banl
Даъват ба риояи бештари қоидаҳои беҳдоштӣ ва санитарӣ дар Суғд
27.01.2026
Oila.tj
161

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вобаста ба зиёдшавии шумораи сайёҳони хориҷӣ даъват ба амал овардааст, ки ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва санитарӣ бештар аҳамият дода шавад.

- Аз ҳамаи соҳибкорон, масъулин ва шаҳрвандон даъват менамоем, ки қоидаҳои одитарини санитарӣ ва гигиениро қатъиян риоя намуда, аз истифода ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти муҳлаташ гузашта худдорӣ намоянд. Ҷойҳои таърихӣ, ҷамъиятӣ, ошхонаҳо ва тарабхонаҳоро мунтазам тоза нигоҳ дошта, кӯчаву хиёбонҳоро ифлос накунанд ва партовҳоро дар ҷойҳои махсус партофта, маданияти шаҳрнишиниро риоя кунанд,- дархост намудааст маркази мазкур.

Ба таъкиди манбаъ, муваққатан набудани санҷишҳо набояд боиси бепарвоӣ, камбудиҳо ва бемасъулиятӣ гардад, балки масъулияти ҳар як соҳибкор ва кормандро бояд дучанд намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД