arzon replenishment
Дастури Президент барои кумак ба сокинони аз сел зарардида
479

 

Бо дастури Президенти кишвар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо дастгирии шарикони байналмилалиаш ба аҳолии зарардида аз оқибатҳои сел дар шакли маводи озуқа ва ғайриозуқа кумак расонидааст.

Гуфта мешавад, ки охири ҳафтаи гузашта ин ниҳод ба 125 хонаводаи шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Темурмалик, ки бар асари сели рӯзҳои 14-15-уми апрел осеб дидаанд, кумак расонид.

Ин кумакҳо асосан маводи ғизоӣ, ниёзи аввалия, бастаҳои беҳдоштӣ ва ҳабҳои тозакунандаи об буданд.

Ёдовар мешавем, ки шаби 15 ба 16-уми апрел дар чор ноҳияи Тоҷикистон сел омада, ба хонаву дари сокинон осеб расонд. Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт, ки аз ҳама бештар ноҳияи Рӯдакӣ зарар дида буд, зеро дар ин ноҳия об ба ҳавлии 204 оила даромад, ҳарчанд ба манзилҳои зист осеб нарасонидааст.

Дар натиҷаи борони зиёд оби канали Янгиқурғон дар шаҳри Ваҳдат ҳам баланд шуда, об ба ҳавлии чор сокин даромадааст. Оби дарёи Ёхсу дар ноҳияи Восеъ ҳам зиёд шуда, садди дарёро кандааст. Дар ноҳияи Темурмалик ҳам омадани сел сабт шудааст.

Сокинони кишвар борҳо аз зиёни селу боронҳои пуршиддат шикоят кардаанд, зеро Тоҷикистон кишвари осебпазир дар баробари фалокатҳои табиӣ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД