Formula novemver 2024
Дасту пояшро мебуранд ва дар байни халқ сангсор мекунанд!
1182


Минбаъд дасту пойи шахсонеро, ки ба дуздию ғоратгарӣ муттаҳам шудаанд ё мардумро ба митинг ва шӯриши оммавӣ даъват мекунанд, бурида, чунин афродро дар байни халқ сангсор мекунанд...

Ҳукумати “Толибон” тасмим гирифтааст, ки дар Афғонистон ҷазодиҳии гунаҳкоронро тибқи қонунҳои сахти шариати исломӣ ба роҳ бимонад. Ҳамин тавр, аз ин ба баъд, амалҳое аз қабили дуздию ғоратгарӣ, одамрабоӣ ва даъвати оммавии мардум ба шӯриш ва муқобилият алайҳи “Толибон” ҷазои сангине дар пай дошта, дасту пойи афродеро, ки бо чунин ҷиноятҳо ба чанг меафтанд, мебуранд ва онҳоро дар байни халқ сангсор мекунанд. Дар ин бора ВВС хабар додааст.

Сухангӯи “Толибон” Забеҳулл Муҷоҳид дар Тwitter ин мавзӯъро шарҳ дода, мегӯяд, ба ҳакамоне, ки бо содир кардани ҳукми чунин афрод машғуланд, тавсия дода шудааст, ки қабл аз содир намудани ҳукми буридани дасту пой ё сангсор намудани муҷрим то кадом андоза гунаҳкор будани шахс ва далели маҳз аз ҷониби ӯ содир шудани дуздию ғоратгарӣ, одамрабоӣ ё даъват ба шӯришро ҳамаҷониба бисанҷанд, вале...

Ҷорӣ гаштани чунин тарзи ҷазодиҳӣ барои аз рӯйи хусумати шахсӣ, кинаву адоват, қасосгирӣ, мухолифати назар ва бадниии қавмӣ зери фишор қарор додан ва ба ҷазои сангин гирифтор кардани шахсони бегуноҳ низ замина фароҳам оварда метавонад.

Ин бори аввал нест, ки “Толибон” қонунҳои хилофи ҳуқуқи башарро қабул менамоянд. Ҳафтаи гузашта ҳукумати “Толибон” ба занони афғон дар боғу гулгаштҳои Кобул сайру гашт карданро манъ намуд.

Занони афғон ҳамчунин наметавонанд ба ҳамомҳои умумӣ ва толорҳои варзишӣ раванд, ҳатто ба толорҳои варзишии занона.

Духтаракони афғон аз вақте ки “Толибон” дар Афғонистон ба сари қудрат омаданд, дигар ба мактаб рафта наметавонанд, зеро таҳсили духтарон дар мактабҳо расман манъ карда шудааст.

Занону духтарон дар ин кишвар наметавнанд ба сафари дур бароянд, агар дар ҷараёни сафар марде аз наздиконашон онҳоро ҳамроҳӣ накунад.

Ёдрас мешавем, ки бонувони афғон чанд маротиба ба хотири нақзи ҳуқуқҳои худ аз ҷониби “Толибон” роҳпаймоӣ ва гирдиҳамоӣ ташкил намуданд, вале аз ҷониби “Толибон”бераҳмона ҷазо дода шуданд.

Дар Афғонистон аксаран занону духтарони фаъол, журналистон, тарҷумонҳо, кормандони ташкилотҳои байналмиллалӣ ва дигар одамони равшанфикр ҳамеша таҳти таъқиб ва фишор қарор дошта, “Толибон” мекӯшанд бо кадом роҳе, ки набошад, афродеро, ки ба онҳо муқобилият нишон медиҳанд, саркӯб намоянд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД