goodwell
Дастовардҳои олимони тоҷик дар пиряхшиносӣ ва дигар соҳаҳои муҳим
85

Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 11 патент барои ихтироъ, 2 қарори мусбат оид ба додани нахустпатент, 1 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 2 шаҳодатномаи бақайдгирии ҳуқуқи муаллиф ба объектҳои моликияти зеҳниро ба даст овардаанд.

Дар ин хусус имрӯз, 15-уми июл зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода хабар дода, гуфт: “Дар шаш моҳи соли равон олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳқиқотро аз рӯйи 99 мавзуи илмӣ идома дода, дар самтҳои афзалиятноки илм натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Аз ҷумла дар соҳаҳои об, гидроэнергетика ва экология моделҳои нави идоракунии захираҳои об, арзёбии тағйирёбии иқлим ва истифодаи биогаз пешниҳод гардиданд. Дар соҳаи пиряхшиносӣ коҳиши назарраси масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон ва таъсири тағйирёбии иқлим ба онҳо муайян карда шуд. Дар соҳаи амнияти химиявӣ, биологӣ ва радиатсионӣ таҳқиқоти маъданҳои урану торий, назорати радиатсионӣ ва амнияти биологӣ анҷом дода шуданд. Дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ пешрафтҳо дар зеҳни сунъӣ, киберамният, энергетикаи барқароршаванда, наноматериалҳо ва моделсозии интеллектуалӣ ба даст омаданд”.

Бо мақсади таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот ба вазорату идораҳои дахлдор аз ҷониби академия 8 технология ва 4 лоиҳаи инноватсионӣ пешниҳод гардидааст, ки ба татбиқи ҳадафҳои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия равона шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД