sebiston july new
Дастоварди навбатии Зулайхо Маҳмадшоева
494

Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони тоҷик, бо ҷоизаи “Одамони тиллоӣ” сарфароз шуд.

Ӯ ин ҷоизаро ба хотири дастовардҳо ва фаъолияти муваффақаш дар Боку, пойтахти Озарбойҷон, аз ҷониби шабакаи “Millionaire concept” ба даст овард.

Дар ин маросим шахсиятҳои маъруфи дигар кишварҳо низ иштирок намуданд. Аз Тоҷикистон танҳо Зулайхо Маҳмадшоева ширкат намуду соҳиби ҷоиза шуд.

Ҷоизаи "Golden People" байналмилалӣ буда, барои дастовардҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва тиҷорат, фарҳангу ҳунар, тиб ва варзиш, ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ дода мешаванд. Ташкилкунандагони лоиҳа дар Озарбойҷон Агил Мамиев ва Ламан Мирталибли буданд.

Ҷоизаи мазкур дар саросари ҷаҳон ба одамони касбу кори гуногун дода мешаванд. Ин гуна лоиҳа бори чорум дар Озарбойҷон амалӣ карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД