Дар Душанбе олимпиадаи барномасозӣ ва робототехника миёни кӯдакону наврасон баргузор шуд, ки аз ҷониби мактаби байналмилалии робототехника ва барномасозии Лигаи роботҳо ташкил карда шуд.
Сарпарасти асосии он ширкати ZET-MOBILE буд. Дар озмун зиёда аз 70 нафар барномасозони ҷавон ширкат варзиданд.
Озмун дар ду бахш: байни иштирокчиёни аз 6 то 12 ва аз 12 то 18-сола баргузор шуд.
Роботсозон ва муҳандисони ҷавон масъалаҳоро бо ду забони барномасозӣ ҳал карданд ва роботҳо ягон монеаро аз даст надода, аз роҳ гузаштанд.
Ба иштирокчиён лозим омад, ки роботро тавре барномарезӣ кунанд, ки хатҳоро дақиқ убур намуда, аз майдон берун набароянд.
Доварон ба заковату кордонии иштирокчиён, инчунин вақти барои ҳалли масъалаҳо сарфшуда баҳо доданд.