Sebiston new 2024 october
ДАСТГИРИИ МОЛИЯВӢ АЗ ҶОНИБИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ТАТБИҚ АЗ ҶОНИБИ ЮНИСЕФ
16.02.2022
Оила
783

Иттиҳоди Аврупо ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тҷикистон (ВМИ) якумин маркази таълимӣ ва омӯзишии инноватсионии миллиро ифтитоҳ намуданд. Студияи мазкур, ки дар доираи “Марҳилаи дуюми барномаи дастгирии сифати таълим” аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст, барои таҳияи барномаҳои таълимии телевизионӣ ва тарғибу ташвиқи маводҳои инноватсионии таҳсилоти омехта пешбинӣ шудааст.  


Маркази таълимию омӯзишии инноватсионӣ ва медиа дар бинои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи назди ВМИ ҷой гирифта, дорои тарҳи эргономикии барои кӯдакон мувофиқ ва бо барномаҳои муосиру таҷҳизоти истеҳсоли видео ва дигар асбобҳои таълимӣ-методӣ муҷаҳҳаз мебошад. Минбаъд бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсил ва сатҳи донишу малакаи худомӯзии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва миёна, студияи мазкур барои ба навор гирифтани дарсҳои видеоӣ истифода хоҳад шуд.  


Ҳадафи лоиҳа – рушди таълими дарсҳои телевизионӣ тавассути намоиши дарсҳои омӯзгорони баладихтисос ва ботаҷриба буда, муҷаҳҳаз гардонидани ВМИ бо асбобҳо ва маводҳои интернетии инноватсионии таълимӣ ба омӯзгорон ва хонандагон барои такмили малакаи дарсгӯӣ ва омӯзиш, ки барои таҳсилоти омехта ва фосилавӣ зарур мебошанд, имкониятҳои хубро ба вуҷуд меорад.

Бо кӯмаки ин студия минбаъд раванди таҳияи маводҳои баландсифати таълимии телевизионӣ ва маводҳои таълимии рақамӣ осонтар гашта, навоварии мазкур ба пешрафти соҳаи маориф ва таҳкими дониши хонандагон аз фанҳои асосӣ кӯмак мерасонад.


Қобили зикр аст, ки барои мусоидат намудан ба идомаи таҳсили берун аз муҳити мактабӣ дар давоми пандемия, ЮНИСЕФ ва ВМИ якҷоя силсилаи дарсҳои телевизиониро таҳия намудаанд. Дарсҳои мазкур дар асоси барномаи таҳсилоти умумӣ гузаронида шуда, ба хонандагон барои омӯхтани фанҳои асосӣ кӯмак мерасонад.


Ногуфта намонад, ки барои омӯзгорон, хонандагон ва волидон дастурҳо ва асбобҳо оид ба таҳсилоти фосилавӣ таҳия карда шудаанд. Маркази таълимӣ ва омӯзушии инноватсионӣ платформае магардад, ки барои таълими мунтазам тавассути омезиши таҳсилоти фосилавӣ ва рӯ ба рӯ мусоидат менамояд. Ин марказ натанҳо ба толибилмон, балки ба омӯзгорон низ барои гузариш ба таҳсилоти фосилавӣ ва омехта кӯмак хоҳад кард.


Ифтитоҳи ин маркази таълимӣ ва омӯзишии инноватсионии нав ва замонавӣ дар Тоҷикистон шароити заруриро барои рушди иқтидори омӯзгорон ва хонадагони таъмин менамояд. Мувофиқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм айни замон Консепсияи таҳсилоти рақамиро таҳия намуда истодааст.

Консепсияи мазкур ба пешрафти раванди рақамикунонии маориф дар кишвар имконият фароҳам меоварад. Ифтитоҳи чунин марказ оғози хуб дар ин самт мебошад.


Умедворем, ки бо кӯмаку дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва ЮНИСЕФ минбаъд хонандагон ва омӯзгорон метавонанд барои рушди шахсии худ аз ин маркази таълимӣ ва омӯзишии инноватсионӣ баҳравар гарданд.


Маркази таълимӣ ва омӯзушии инноватсионӣ барои таҳия ва истифодаи видео-дарсҳо дар Тоҷикистон истифода хоҳад шуд, ки барои пешрафти илм, техника ва методикаи таълимӣ мусоидат менамояд.

Видео-дарсҳо мувофиқи стандартҳои фаннӣ, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии мавҷуда таҳия ва наворбардорӣ мешаванд. Видео-дарсҳо ба хонандагон имконияти медиҳанд, ки ҳар як мавзӯъро аз назар гузаронида, маводҳоро беҳтар аз худ намоянд, ки ин ба беҳтар шудани сифати таҳсилоти миёнаи умумӣ сабаб мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД