Дар шаҳри Бохтар мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намуди футболи хурд таҳти унвони «FORMULA55 CUP» ба анҷом расид.
Дар бозии ниҳоӣ дастаи «Спитамен Бонк» бар дастаи "РВКД" бо ҳисоби 0:1 пирӯз шуда, соҳиби Ҷом гардид.
Дар вохурӣ барои ҷои сеюм дастаи футболи хурди «Амният» бар «Гумрук» бо хисоби 8:5 ғалаба кард.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтарин бозигарон ва дастаҳое, ки ғолиб шуданд ҷом, медал ва ҷоиза пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҷоизаҳои инфиродӣ ба беҳтарин бозингарон:
Беҳтарин дарвозабон: Абдуллозода Мирзо («РВКД»)
Беҳтарин ҳимоятгар: Ёрмаҳмадзода Наврӯз («Гумрук»)
Беҳтарин ҳамлагар: Амирзода Амирчон («Амният»)
Беҳтарин бозигар: Даминов Бахтиёр («Спитамен Бонк»)
Ёдовар мешавем, ки FORMULA55 CUP тайи 6 соли ахир дар панҷ шаҳр: Кӯлоб, Хуҷанд, Турсунзода, Норак ва Бохтар баргузор карда мешавад.
Аввалин ширкати миллии букмекерии FORMULA55 дар давоми фаъолияти худ бо такя ба сиёсати варзишпарварони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди варзиш саҳми худро гузошта, пайваста чорабиниҳои варзиширо дар саросари кишвар дастгирӣ менамояд.
⠀
FORMULA55 — Мо варзишро рушд медиҳем.