Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дуюми санҷишии худ бо тими миллии Индонезия бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.
Бозии дастаҳо рӯзи 18-уми январ дар шаҳри Ҷакарта баргузор гардид. Голҳои дастаи моро Идрис Ёров, Самандар Ризомов ва Фирӯз Бекмуродов заданд.
Футзалбозони тоҷик дар доираи омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2026 пагоҳ, 20-уми январ як бозии санҷишии дигар бо Арабистони Саудӣ анҷом медиҳанд. Дар бозии якуми дӯстона миллипӯшони футзали тоҷик аз Қирғизистон шикаст хӯрда буданд.
Бояд гуфт, ки дар Ҷоми футзали Осиё-2026 тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи "С" бо дастаҳои миллии Ўзбекистон (28-уми январ), Ҷопон (30-юми январ) ва Австралия (1-уми феврал) рақобат мекунад.
Умар МИРСАЛИМОВ