toyota motors
Дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи футболи Тоҷикистон бо Қирғизистон рақобат мекунад
80

Пагоҳ, 19-уми май дар доираи мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи футболи Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Қирғизистон рақобат хоҳанд кард.

Бозӣ дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”-и шаҳри Турсунзода баргузор гашта, соати 17:00 оғоз хоҳад ёфт.

Ёдрас мешавем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи футболи Тоҷикистон дар бозии сеюм, ки рӯзи 17-уми май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гашта буд, аз дастаи Ӯзбекистон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Айни замон Ӯзбекистон бо 9 хол дар садри ҷадвал қарор дошта, дастаи футболи Тоҷикистон бо 6 имтиёз зинаи дуюми мусобиқаро ишғол менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД