Агар шахс рӯзадор бошад ва дар ҳангоми рӯзадорӣ касеро дашном диҳад, оё рӯзааш фосид мешавад?
ШАҲБОЗ, ш. Душанбе
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Дашному ҳақорат дар рӯзи Рамазон рӯзаро фосид намекунад. Ба маънои дигар, он аз ҷумлаи шиканандаҳои рӯза ба ҳисоб намеравад, вале савоби рӯзаро кам мекунад. Ин гуноҳон метавонанд тамоми савоби рӯзаро нобуд созанд.
Рӯзадор бошад, аз рӯзааш ҷуз гуруснагӣ ва ташнагӣ чизи дигареро бардошт нахоҳадкард. Рӯзадор маъмур аст, ки узвҳои баданашро аз гуноҳ нигаҳ дорад. Мақсад аз рӯза танҳо тарки хӯрдану нӯшидан нест, балки мақсад аз он тарки гуноҳ ва амалӣ кардани парзҳезгорист.
Аллоҳ Таъоло дар ин бора фармудааст: «Эй касоне, имон овардаед, рӯза бар шумо фарз шуд, чунон ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, фарз шуда буд, то парҳезгор шавед». (Сураи Бақара: 183).
Паёмбар (с) фармудааст: «Ҳар кас гуфтору кирдори ботил ва ҷаҳолатро тарк накунад, Аллоҳ ба тарки хӯрдану нӯшидани ӯ ҳеҷ ниёзе надорад». Ривояти Бухорӣ (1903) ва (6075).
Гуфтори ботил тамоми гуфтору суханони ҳаромшуда, аз қабили дурӯғ, ғайбат, суханчинӣ, дашном ва ҳақоратро дар бар мегирад.
Паёмбар (с) мегӯяд: «Ҳар гоҳ яке аз шумо рӯзе рӯза бигирад, набояд носазогӯйӣ кунад ва амали ҷоҳилона анҷом бидиҳад. Ва агар марде ӯро дашном диҳад ва ё бо ӯ даргир шавад, бояд бигӯяд: Ман рӯзадор ҳастам. Ман рӯзадор ҳастам». Ривояти Бухорӣ (1894) ва Муслим (1151).